Раиси вилоят дар ноҳияи Ҷайҳун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 224
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самаранокии замини наздиҳавлигӣ, парвариши пилла, мулоқоту суҳбат бо сокинон, боздид аз корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод.
Шароити мусоид ба рушди пиллапарварӣ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун ба хонаи сокинон Собир Ҳасанов ва Абдуғаффор Қаюмов ташриф оварда, аз заминҳои наздиҳавлигии эшон дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки замини наздиҳавлигии Абдуғаффор Қаюмов дар майдони 0,24 га буда, дар он зироатҳои картошка, помидор, лӯбиё кишт карда шудааст. Собир Ҳасанов бошад, дар манзили истиқоматиаш гармхонаи лимӯ дар майдони 0,05 га бо 60 бех ниҳоли лимӯ ташкил намуда, соли ҷорӣ 4,5 тонна ҳосил ба даст овардааст.
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул буда, соли 2023 ба миқдори 68 грамм 140 ҳазор кирмак (4 қуттӣ) гирифта, аз он 130 килограмм пилла ба даст овардааст. Соли ҷорӣ бошад, 51 грамм, 105 ҳазор кирмак (3 қуттӣ) гирифта, мақсад дорад, ки аз он 120 килограмм пилла ҷамъоварӣ намояд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхонаи доимоамалкунанда таъкид дошт, ки саҳми онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас мебошад. Гуфта шуд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили фаровони гармхонаҳо бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Зимни суҳбат бо пиллапарварон раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр кард, ки ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.
- Кишвари мо барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад, - афзуд раиси вилоят. - Масъулони соҳаро мебояд заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии онро афзун намуда, фаъолияти парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарвариро рушд бахшанд. Ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом таъмин ва барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинони маҳаллӣ, раиси вилоят таъкид намуд, ки имрӯз бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, дар навбати аввал оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ таъмин намуда, ба ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
Деҳқонон ҳам аз фазои сулҳу суботи кишвар шукргузорӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ имрӯз фаъолияти босамар мекунанд ва зиндагии осуда доранд.
РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Раиси вилоят зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд.
Иншоотҳо дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодаанд.
Нахуст, раиси вилоят дар шаҳраки Дӯстӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таълимии №45 дидан намуд. Мактаб барои 624 хонанда дар як баст сохта шуда, маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки муассиса тибқи нақша 1-уми сентябри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Сипас, дар кӯчаи Камоли Хуҷандии Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” ба ҷараёни корҳои сохтмонии бинои истиқоматӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур тибқи нақша аз 9 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дар боқимонда ошёнаҳо 96 манзили истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор ҷойгир мегардад.
Соҳибкор иқдом гирифтааст, ки баъди ба истифода додани бино 1 ҳуҷраашро ба омӯзгори ниёзманде ройгон туҳфа намояд.
Инчунин, дар кӯчаи мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳо сафолакпӯш гардида, ҳусни шаҳракро зебоӣ дигар мебахшад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуд, ки бояд иншооти ҷашнӣ бо сифатӣ баланд ва тибқи нақша сохта шавад. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки ба намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.
БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ЛОГИСТИКИИ КВД “ТОҶАГРОПРОЭКСПОРТ”
Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз маркази логистикии КВД “Тоҷагропроэкспорт”-и Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ҷиҳати тайёр намудан, басту банди пиёз барои содирот ба хориҷи кишвар дар Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” маркази болозикр ташкил карда шудааст.
Айни замон дар марказ 25 нафар занон оид ба бандубаст ва ба навъҳо ҷудо кардани пиёз машғул буда, то имрӯз 90 тонна пиёз омода намудаанд.
Гуфта шуд, ки маркази мазкур барои содирот намудани пиёз дар як вақт то 1000 тонна маҳсулотро бандубаст карда метавонанд.
Бояд зикр намуд, ки дар 3 моҳи соли 2024 гардиши мол дар вилоят ба 4 миллиарду 120,6 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 130 фоизро ташкил дода, 949,9 миллион сомонӣ зиёд ва гардиши савдои хориҷӣ 120,6 миллион доллари амрикоро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 125,1% ё 24,2 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти мол ба 66,2 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2023-юм 182,7 % ё 30 млн. доллар зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар се моҳи аввали соли равон дар майдони 60,2 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 862,2 тонна сабзавот, аз ҷумла 295,9 тонна помидор, 28,9 тонна бодиринг ва 537,4 тонна намуди сабзавот истеҳсол карда шуд.
“ИҚБОЛ” аз замин самаранок истифода мебарад
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии деҳқонии “Иқбол” дидан намуд. Хоҷагии деҳқонии “Иқбол” соли 1997 дар майдони 5,50 га замини обӣ ташкил гардида, роҳбараш Қурбоналӣ Мирзоев мебошад ва шумораи саҳмдорони он ба 10 нафар мерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар майдони 2 га кишти пиёз, 0,55 га гандум, 1,70 га беда ва 1,20 га полезӣ кишт кардаанд. Баъди ҷамъоварии пиёз ва гандум дар майдони 1,5 га кишти такрории маккаи дон, 0,50 га сабзӣ ва 0,50 га ва кишти пахта гузаронида мешавад.
Дар майдони 2 га бошад, кишти пиёз гузаронида шуда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил қарор дорад. Хоҷагии мазкур таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ дошта, соли 2023 дар майдони 1,5 га кишти пиёз, 0,90 га полезӣ, 1 га гандум ва 1,70 беда кишт гузаронида буд, ки аз он ба ҳисоби миёна 400 сентнер пиёз, 40 сентнер гандум ва 30 тонна маҳуслоти полезӣ ҳосил ба даст овардааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, ба масъулин супориш дод, ки барои содироти пиёзи барвақтӣ ба хориҷи кишвар ба деҳқон кумак расонанд.
ФАЪОЛИЯТИ “ХУРОСОН ” НАЗАРРАС АСТ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуд. Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2023 ташкил шуда, дорои 498 га замин мебошад. Хоҷагӣ дар заминҳои чарогоҳ бунёд гардида, аз ҷониби роҳбарияти хоҷагӣ соли ҷорӣ аз дарёи Панҷ пойгоҳҳои обкаш пайваст гардида, айни замон 50 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Роҳбарии хоҷагиро Хайрулло Сафаров ба уҳда дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ тариқи тоза намудани канал ба масофаи 1700 метр, кашидани хатти барқ ба масофаи 1700 метр, насби трансформаторҳои иқтидорашон 630/6кВт ва 160/10кВ,т кандан ва ҷамъоварии об дар 2 обанбор 8000м3 ва 5200м3, баъдан бо истифода аз 1 пойгоҳи обкашӣ ва 1 дастгоҳи обкашӣ тариқи хатти обгузаронӣ ба масофаи 4200 метр бо қубурҳои қутраш 250 м.м. барои обёрӣ намудани зиёда 50 га замин дар марҳилаи аввал амалӣ карда мешавад. Барои пешбурди кор дар хоҷагӣ 3 вагонхона, 3 трактор, 1 булдозер ва 6 рихрител мавҷуд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бунёди боғҳои интенсивӣ, суперинтенсивӣ бо ҷалби мутахассисон барои солҳои минбаъда ба нақша гирифта шуда, дар се соли минбаъда 498 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ фаъолияти хоҷагии деҳқониро назаррас арзёбӣ карда, ба масъулин ҷиҳати аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз ҳам зиёд намудани майдони боғу токзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҷ. РУСТАМШОҲ,
А. РИОЕВ , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00