Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ


ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ




Имрӯз, 7 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид. 

Дар ҷаласа Заринаи Бурхвалишо – намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Қодиров Фирдавс – муовини сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», Маҳкамов Маъруф – мутахассис оид ба соҳаи кишоварзии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кикучи Такеши – намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Атоев Шоҳрух – корманди бахши кишоварзии JICA ва Маъсуда Саидова – мушовири техникӣ ва ҳамоҳангсози Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд. 

Раиси вилоят зимни суханронӣ иброз доштанд, ки тибқи мушоҳидаҳо ҳоло майдони пайдоиши малах 73 ҳазор гектар, майдони паҳншавӣ - 47400 ҳазор гектарро дар бар гирифта, беш аз 42261 ҳазор гектар мавриди коркарди кимиёвӣ қарор дода шудааст.

- Дар рафти коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малах мо ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд алоқамандем, - афзуд раиси вилоят. - Агар сари вақт мубориза бар зидди малах анҷом наёбад, шояд зарараш ба зироатҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳам расад.

Намояндагони шарикони рушд иброз доштанд, ки сӯзишворӣ, дорупошаки дастӣ ва моторӣ, либосҳои ҳимоявӣ, заҳрхимикати «тропика», таъминоти коргарони саҳроӣ бо хӯрока, об барои нӯшокӣ ва тайёр кардани маҳлули заҳрӣ кӯмак расонида мешавад, то дар ин самт корҳо ҷоннок гарданд. 

Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ва омодагии доимии техникаҳо Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст. 

Имрӯз ба шаҳру ноҳиҳои Вахш 60 адад, Кӯшониён 50 адад, Левакант 30 адад, Панҷ 60 адад заҳрдоруи намуди "Каратэ" тақсим карда шуд. 

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода