ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 205
Нимаи дуюми рӯзи 4 майи соли ҷорӣ вохӯрии кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат ва муовинони раис оид самти иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, баргузор гардид.
Нахуст, Анзурат Абдусаломзода ҳадафи вохӯрии имрӯзаро баён намуда, оид ба рафти иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар самти «Пешгирии аҳолӣ аз бемории сил» ва «Пешгирии ВНМО ва бемориҳои сироятӣ» дар вилояти Хатлон андешаҳои худро баён намуд.
Сипас, Ҷаъфаров Наврӯз – муовини сардори Хадамоти давлати назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан Яъқубов Юнус – табиби силшиноси Маркази ҷумхуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, дар бораи Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ оид «Пешгирии аҳолӣ аз бемории сил» ва «Пешгирии ВНМО ва бемориҳои сироятӣ», нақшаву иҷроиши онҳо, давомнокии барномаҳо аз соли 2020 то соли 2030, маълумоти мухтасар ироа намуданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади ҷалби табибони ҷавон дар самти интихоби ихтисоси «Сироятшинос» дар ҷумҳурӣ имтиёзҳо муайян карда шудаанд, аммо сол ба сол аз рӯи ихтисоси мазкур ба беморхонаҳо ва дигар марказҳои тиббӣ табибони оянда камтар ба кор ҷалб шуда истодааст. Дар ин самт маблағгузорӣ аз рӯи Барномаҳои давлатӣ сол ба сол аз тарафи Ҳукумати мамлакат зиёд шуда истодааст.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Анзурат Абдусаломзода оид ба вазъи камбудиҳои соҳаи тандурустӣ ва иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар мавзуи дар боло зикргардида, бори дигар супоришу дастурҳои раиси вилояти Хатлонро ёдрас намуданд. Таъкид доштанд, ки барои бартараф кардани масоили ҷойдошта ҳар як роҳбар ва ҳар як корманди ин соҳа бояд масъулият дошта бошад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00