Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРӢ БО КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МУОВИНОНИ СОҲАВИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ


ҶАЛАСАИ КОРӢ БО КОРМАНДОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МУОВИНОНИ СОҲАВИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ




Имрӯз, 4 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Бахши қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, мудирони шуъба ва бахшҳои маориф, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, котибони мақомоти васояту парастории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар мавзуи «Пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротшавии ҷомеа» бо иштироки Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон, генерал лейтенанти милитсия - Назарзода Шариф, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, баргузор гардид.

Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ҷаласаро оғоз намуда, ҳадафи баргузории чорабинии имрӯзаро ба ҳозирин шинос намуд.



Сипас, Назарзода Шариф доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки ироа карда буданд, натиҷагирӣ намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки мақсади асосии ин ҷаласа пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти онҳо аз тарафи оила, ҷомеа ва мактаб, тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ, барҳам додани хурофотпарастӣ, исрофкорӣ дар тӯю маросими миллӣ, назорати ҷиддӣ дар рафтору кирдори фарзандон, махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, роҳандозӣ шудааст.

Инчунин, доир ба содиршавии ҷиноят аз тарафи занон ва ноболиғон дар вилояти Хатлон дар 3 моҳи сипаригардида нисбати соли гузашта, натиҷагирӣ намуд.

Абдусаломзода Анзурат зимни суханронӣ оид ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ байни ҷавонон, сафарбарии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эмин нигоҳ доштани оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби хатмкунандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ба макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани либоси ба фарҳангу оини мо бегона, ба касбу шуғл фарогирии ҷавонон, идома додани тарғиби либоси миллӣ таҳти «Тоҷикона мепӯшем», ибрози назар кард.

Дар ҷаласаи мазкур собиқадорон ва фаъолони минтақа фикру назари худро оид ба масъалаи мубрами рӯз баён намуда, якчанд таклифу пешниҳод намуданд.



Дар ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор оид ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ «Усули хона ба хона» оид ба расонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар мавзуҳои хурофотпарастӣ, исрофкории барзиёд зимни баргузории ҷашну маросими миллӣ, ироа карда буданд, қабул карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода