Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАНҒАРА. БУНЁДУ АЗНАВСОЗИИ 15 БИНОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ЗИЁДА АЗ 7000 ХОНАНДА


ДАНҒАРА. БУНЁДУ АЗНАВСОЗИИ 15 БИНОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ЗИЁДА АЗ 7000 ХОНАНДА




Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 15 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 7000 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Данғара бо маром идома дорад

Тибқи иттилоъи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара  дар соли 2023,  8 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 4600 ҷои нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд. Ҳамзамон муассисаи таълимии №23, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бо арзиши зиёда аз 15 миллион сомонӣ барои 1200 ҷои нишаст дар ду баст ва муассисаи таҳсилоти умумии №10 бо маблағгузории сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии зич дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат, ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия 140,0 фоиз иҷро гардида, шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 2215 адад расидааст.

Имрӯз 66 нафар хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии ноҳия гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар гирандаи стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ва 110 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳия мебошанд.

Дар ин росто, ба иттилоъи мудири маорифи ноҳия Каримзода Амиршо Ҳимат дар доираи дастгириҳои бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар даври ҷумҳуриявӣ олимпиадаҳои фаннӣ 175 нафар хонандагон иштирок намуда, 122 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 15 медали нуқра ва 107 медали биринҷӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Ин нуқта чун ҳарвақта дар Паёми имсола низ аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид. Ҳукумати ноҳия низ сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 34,9 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф равона кардааст.

Мақсад аз ин иқдом рушди соҳаи маориф буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот равона шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода