САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 217
Субҳи имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ, парвариши пила, мулоқоту суҳбат бо сокинон, боздид аз корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, раиси вилоят аз раванди истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигӣ ва парвариши пила дар манзили истиқоматии шаҳрвандон Собир Ҳасанов ва Абдуғаффор Қаюмов, воқеъ дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун, боздид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини наздиҳавлигии шаҳрванд Абдуғаффор Қаюмов 0,24 га буда, дар он картошка, помидор, лубиё кишт карда шудааст. Ҳамчунин, сокини дигари ин маҳалла Ҳасанов Собир дар манзили истиқоматиаш гармхонаи лимӯ дар майдони 0,05 га бо 60 бех ниҳоли лимӯ ташкил намуда, соли ҷорӣ 4,5 тонна ҳосил ба даст овардааст.
Инчунин, оилаи Абдуғаффор Қаюмов аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул буда, соли 2023 ба миқдори 68 грамм 140 ҳазор кирмак (4 қуттӣ) гирифта аз он 130 килограмм пилла ба даст овардааст. Соли ҷорӣ 51 грамм 105 ҳазор кирмак (3 қуттӣ) гирифта, мақсад дорад, ки аз он 120 килограмм пилла ҷамъоварӣ намояд.
Зимни суҳбат бо пиллапарварон раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд кард, ки ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.
- Кишвари мо барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад, - афзуд раиси вилоят. - Масъулони соҳаро мебояд заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии онро афзун намуда, фаъолияти парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарвариро рушд бахшанд. Ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00