МАҶМАИ УМУМИИ СММ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО ҚАБУЛ НАМУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 223
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул карданд.
Қатъномаи мазкур аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.
Дар ин қатънома, ҳамчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид карда шудааст.
Бо қабул гардидани чунин қатънома рӯзи 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон карда шуд.
Инчунин, дар ин санади мазкур аҳаммияти Конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори куҳӣ, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст.
Ёдовар мешавем, ки морхӯр (Capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои куҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон ба шумор меравад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо дарназардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир, муҳим ба назар мерасад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...