БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ХОВАРШИНОС ЗАФАР МИРЗОЁН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 423
Санаи 3-юми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Инъикоси ғояҳои ватандӯстӣ, таърихшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ» (бахшида ба гиромидошти хотираи неки Зафар Мирзоён) баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳр ва ҷумҳурӣ ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҳайати иштирокчиёни конференсия аввалан дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ аз намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд. Ҳамчунин дар ин ҳангом рӯнамоии китобҳои устоди зиндаёд Зафар Мирзоён- “Бозётфҳо аз Шоҳнома” ва “Се шикасти ориёӣ”, ки бо ибтикори раёсати донишгоҳ маротибаи 2-юм ба нашар расонида шуд, сурат гирифт.
Кори конфронс бо сухани ровии он дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва тамошои лавҳаи “Фурӯғи наҷми Ховар” бахшида ба гиромидошти поси хотирӣ профессори фахрии донишгоҳ- Зафар Мирзоён оғоз гардид.
Дар идома ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ташрифи ҳайати устодону донишмандон ва меҳмонони гиромиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт.
Қайд намуданд, ки дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ дар миёни мардуми шарафманди тоҷик шахсиятҳое буданд, ки асолати миллии худро ҳифз намуда, рисолати фарҳангиву таърихиашонро ҳамчун зиёии миллӣ аз ёд набурдаанд. Зафар Мирзоён донишманди номвар аз ҷумлаи шахсиятҳои мазкур аст. Ӯ бо дониш ва маърифати баланди худогоҳиву меҳандӯстӣ ва талошҳои пайгирона бори сангини зиёии миллӣ буданро ба дӯш гирифта, бо заҳматҳои бисёр бузургаш барои ҳамагон нишон дод, ки пайванди ин миллат бо гузаштаи худ ва бо фарҳанги асилаш ҳанӯз боқист. Дар ин баробари шиори ҳамешагии зиндагии устод Зафар Мирзоён ҷуз аз меҳрпайвандӣ ба инсоният ва хидмат ба халқу Ватан чизи дигар набуд.
Баромадкунандагон аз нақш ва ҷойгоҳи устод Зафар Мирзоён дар рушд ва таҳкими фарҳанги миллӣ ва таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷомеа ёдовар шуданд. Ҳамчунин дар бахши музокира таърихшинос Саид Амири Мункӣ, дотсент Холиқов Сафар дар бораи лаҳзаҳо ва хотироти некӣ устод Зафар Мирзоён суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо баромадкунандагон таъкид доштанд, ки Зафар Мирзоён шахси донишманд, хоксор ва фурӯтан буд. Ҳар донишманд, ҳар инсони накукорро эҳтиром мекарду арҷ мегузошт.
Аз таърих ва адабиёти гузаштаи мо ва ҷаҳон огоҳии комил дошт. Ҳаргиз андешаи нафареро, ки бо ӯ баҳс мекард, рад наменамуд. Дар ин маврид андешаи худро иброз медошт, то мубоҳису мусоҳиб дар қиёс ва баррасӣ бартариву моҳияти якеро бипазирад.
Донандаи хуби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ буд ва моҳияту мавқеи онро барои шинохти миллату тамаддуну расму оинҳо ба дигарон мегуфту менавишт. Маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода буд. Ба ин васила дар тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, шинохти шахсияту истеъдоди муаллифи асари ҷовидонӣ ва эътирофшудаи ҷаҳон саҳми чашмрас мегирифт.
Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар ду бахш: “Шоҳномапажуҳ ва донишманди маъруф” ва “Зафар Мирзоён, дар хотираи дӯстон ва шогирдон” бо шунида шудани 30 мақолаи олимону донишмандон идома ёфт.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...