Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: "Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд"


Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: "Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд"




Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Федератсияи Русия аз натиҷаҳои ин суҳбати сарони ду давлат чунин хабар медиҳад:
«Масъалаҳои иштироки муштарак дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Москва, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он даъват шудаанд, баррасӣ шуд.

Дар фазои корӣ ва созанда доир ба баъзе мавзуъҳои кунунии дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиди террористӣ, инчунин дар соҳаи муҳоҷират табодули афкор анҷом дода шуд. Дар ин замина тавофуқ ҳосил шуд, ки механизмҳои ҳамкории байни вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шавад.

Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки талошҳои ахири неруҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддатнок намудани вазъ дар атрофи муҳоҷирони кории ба Русия, аз ҷумла аз Тоҷикистон воридшаванда, якҷоя пешгирӣ карда мешавад ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо вақт санҷидашудаи мардумони ду давлатро халалдор намоянд».

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода