Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фархор. Тақдими 30 шаҳодатномаи таваллуд ба навзодон


Фархор. Тақдими 30 шаҳодатномаи таваллуд ба навзодон




Дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори  бахши САҲШ-и ноҳияи Фархор вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби масъулини САҲШ ба 30 нафар навзод шаҳодатномаи таваллуд ройгон ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Зимни вохӯрӣ Сангимо Абдураҳмонзода - мудири бахши САҲШ - и Фархор оид ба  баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, ои ба зӯран ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ миёни ҷавонон, мавқеи оила дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ буда, ба баланд  бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, нигаронда шудааст. 

Дар охир собиқадорони САҲШ бо ифтихорномаи таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода