Давлаталӣ САИД: "ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО МИНТАҚАҲОИ ТУРКИЯ ҲАМКОРИРО ДАР БАХШҲОИ МУХТАЛИФИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ТАҲКИМ МЕБАХШАД"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 312
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Уналро ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, қайд гардид, ки ин ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбанд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибатҳои гарму дӯстона дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд, - иброз дошт раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид. - Вилояти Хатлон бо назардошти дастуру ҳидоят ва тавсияҳои Пешвои миллат саъю кӯшиш дорад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бо минтақаҳои Туркия таҳким бахшад.
Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, дар он наздики 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 270 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наздик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Раиси вилояти Хатлон изҳори итминон намуд, ки бо дарназардошти муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ ду кишвари дӯсту бародар барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ заминаҳои муносиб доранд.
- Мо бо таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Туркия дар самти сайёҳӣ аз наздик шинос ҳастем, - афзуд Давлаталӣ Саид. - Туркия дорои инфрасохтори пешрафтаи соҳаи сайёҳӣ мебошад ва мо барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ин самт ба мусоидати ТИКА алоқаманд ҳастем.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ муҳим мебошад.
Инчунин, ҷонибҳо масоили рушди соҳаи қолинбофӣ, таъсиси корхонаи истеҳсоли атласу адрас, маркази омӯзишӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи пиллапарварӣ, соҳаи нассоҷӣ, коркарди пӯсту пашм, таъсиси корхонаи хушкмева, обёрӣ, мубориза бар зидди малах, маориф, тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...