«Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 239
Бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид то рӯзи 1 июн дар шаҳру навоҳии вилоят дар доираи ташаббуси “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои мухталифи фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ баргузор карда мешаванд.
Дар доираи ин ташаббус гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футболи хурд миёни писарону духтарон, волейбол, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, ташкили викторина, маҳфилҳои адабию тарбиявӣ, тамошои намоишномаҳои театрӣ, кинофилмҳо, сайри осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ, озмунҳои “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат”, “Хонандаи сол”, “Ифтихори ватандорӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ”, “Чароғаки раҳнамо”, “Барномасози беҳтарин”, “Луғатдони беҳтарин”, “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ”, “Математикони наврас”, “Оилаи масъулиятшинос” дар назар аст. Ҳамчунин, бо мақсади мустаҳкам намудани алоқаи падару модар бо муассисаҳои томактабӣ аксияҳо таҳти унвони “Боғча пури бозича” ва “Мо дар тарбия ҳамроҳем” роҳандозӣ шудааст.
Рӯзи 1 июн ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории фестивал-озмуни вилоятии кӯдакон таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” ба нақша гирифта шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...