Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Туҳфаи раиси вилоят ба иштирокчиёни ҶБВ


Туҳфаи раиси вилоят ба иштирокчиёни ҶБВ



Ба истиқболи 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ собиқадорони ҷанг аз вилояти Хатлон бо кумакпулии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қадрдонӣ хоҳад шуд.

Тавре ки Шодӣ Сафаров, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи раиси вилоят, ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои 10 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, ба қадри 5000 сомонӣ (ҷамъан 70000 сомонӣ) мукофотпулӣ таъйин гардид. Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба аёдати ҳамаи иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро аз номи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба онҳо месупоранд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон 10 нафар иштирокчиёни ҶБВ, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун, Фархор, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг ва Абдураҳмони Ҷомӣ давлати пирӣ меронанд. Дар миёни онҳо калонсолтаринашон сокини шаҳри Бохтар Сафаралӣ Файзалиеви 101- сола мебошад. Раҷабов Рашид, Тағоев Гулмурод (рӯзи 1 май расо садсола шуд) ва Хидиров Хумбахмад 100-сола, Алиев Зайнулло ва Мирзоев Аҳё 99-сола, Қосимов Розиқ, Давлатов Машраб, Сафаров Ҳабиб ва Ғафуров Мирзо 98-сола будаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қариб 300 ҳазор ҷавонмардони тоҷикистонӣ ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо шаҳид шуданд.

Соли гузашта дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба ҳар як собиқадори ҷанг аз вилояти Хатлон мукофотпулии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 18 ҳазор сомонӣ дастрас шуда буд. Ба қавли Ш. Сафаров, имсол ҳам аз номи Сарвари мамлакат ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ чунин кумакпулӣ пешбинӣ гардидааст. Ба иштирокчиёни ҶБВ ҳамчунин аз номи раисони шаҳру навоҳӣ мукофотпулиҳо дастрас карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода