Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 86% ИҶРО ШУД


НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 86% ИҶРО ШУД



Нақшаи даъвати ҳарбии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон давоми як моҳ 86% иҷро шуд. Дар ин хусус Вазорати мудофиаи кишвар иттилоъ медиҳад. Вазорат ин рақамро ба "натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъватӣ дар вилояти Хатлон" рабт медиҳад. То ин вақт ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро пурра ба анҷом расониданд.


Бояд изҳор дошт, ки шаҳру навоҳии вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ҳамин тариқ, давоми 30 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун низ аз анҷоми нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хабар доданд ва иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74% баробар мебошад.

Иҷрои нақшаи даъвати ҳарбии наваскарон ба сафи Артиши милли кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давоми 30 рӯз 55% ва шаҳри Душанбе 51% иҷро шудааст. Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд. 

Ҳамин тариқ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳудуди кишвар давоми як моҳ зиёда аз 70%-ро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки омилҳои пеш аз муҳлат дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷро гардидани нақшаи даъват агар аз як тараф ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди заминаҳои хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу том ва ба таъмини ҳамаҷонибаи шароитҳои хизмативу майишӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ, фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ ва аз ҳама асос, ин пойдории фазои сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб арзёбӣ мешавад, ки хушбахтона шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки дар муҳити орому осоишта ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода