Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар ДДБ бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид


Дар ДДБ бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид




Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра сухан гуфтанд.

Зимни мулоқот иштирокдорон ба иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хизматӣ, фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватан ва садоқат ба давлату мардуми Тоҷикистон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқи ҷомеа даъват шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода