Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ


Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ




Дар ноҳияи Данғара мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ баҳри дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир шуд. 

Дар мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, АМА, Русия, Туркия ва Узбекистон иштирок намуданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар доманакӯҳҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии «Дипсервис» доир карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода