Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бунёди боғи хуч дар Ховалинг


Бунёди боғи хуч дар Ховалинг




Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар замини дохили ҷангал боғи хуч бунёд намуданд, ки он дар Ҷамоатҳои деҳоти “Шугнов” ва “Ҷонбахт”-и ноҳия ҷойгир мебошад.

Ба иттилои сардори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Ховалинг Наврӯз Ҳакимов, бунёди боғи хуч дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, дар баробари он боз ҳазорон бех дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз шинонида шуданд. Изҳор гардид, ки дар ин давра 40 гектар ҷангалзори нав бунёд шуд, ки 5 гектари онро дарахтони чормағз ташкил медиҳанд. Инчунин дар майдони 90 гектар ҷангалзори куҳна барқарор гардид. «Ҳоло дар тобеияти Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг 105 ҳазор гектар замин мавҷуд мебошад, ки дар он беш аз 60 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд», - гуфт директори муассиса Н. Ҳакимов.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода