Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кафили фардои осудаи ҷомеа


Кафили фардои осудаи ҷомеа




Соли 2024 барои мардуми шарифи тоҷик соли пурбарор ва дастовардҳои беназир хоҳад буд. Чун имсол бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Бо чунин иқдом соли ҷориро унвон додан тафовути зиёде аз солҳои қаблӣ дорад. Зеро мафҳуми “маърифати ҳуқуқӣ” тафсирҳои зиёде дорад, ки ҳар кадоме дар маҷмуъ аз саодат ва осудагии ҷомеа ҳарф мезанад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷумлаи омилҳоест, ки савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро афзуда, муносибату муомилаи онҳоро ба масоили ҳуқуқӣ ва масъулиятҳои аҳамияти ҳуқуқидошта дигар мекунад.

Агар мафҳуми “маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби ҷомеаи кишвар хуб ва ба тарзи дуруст қабул ва дарк карда шавад, метавон гуфт, ин як қадами ҷиддӣ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ хоҳад гардид. Зеро маҳз бо доштани савияи баланди маърифати ҳуқуқӣ мо дарк менамоем, ки надонистани қонун инсонро аз ҷавобгарӣ озод наменамояд. Ва ин боис мегардад, ки волоияти қонун дар зиндагии мо ва атрофиёнамон мавқеи ивазнашаванда ва устувор дошта бошад.

Махсусан дар шароити кунунӣ, ки амнияти ҷомеа бо таъсиргузорӣ ва ҷалби ғайриқонунии гурӯҳҳои тундраву ифротгаро зери хатар мондааст, доштани маърифати ҳуқуқӣ манфиатҳои зиёде хоҳад дошт.

Фаъолияти шабонарӯзии ВАО-и кишвар дар инъикоси ин масъала, баргузории чорабиниҳо, нишастҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ боис мегарданд, ки сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ боло рафта, огоҳии мардум дар самти афзалият ва салоҳиятҳои ҳуқуқӣ бештар гардад ва волоияти қонун дар ҷомеа таъмин карда шавад.

Аз ҷониби дигар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои устувор ва умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои ояндадор ва бонизом равон кардани ҷомеаи кишвар маҳсуб мешавад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро ҷиҳати таъмини рушду амнияти ҳаёти сокинон асос мегузорад. Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани Сарвари кишвар яке аз он иқдомҳои саривақтиву бузурге аст, ки аз интихоб намудани роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шаҳодат медиҳад.

Сокинони кишвар бояд огоҳона дарк намоянд, ки маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва тамоми сохторҳои он баҳри таъмини осудагии зиндагиву кори худи онҳост. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии худу уҳдадорӣ ва масъулиятҳои худ муваффақ гардад ва онро ба дигарон низ фаҳмонида тавонад.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки ҳамчун шаҳрванди кишвари озоду соҳибихтиёр ва фарди огоҳу масъулиятшинос дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз худ ташаббус ва шоистагӣ нишон дода, баҳри амалигардии он саҳми худро гузорем, ҳам маърифати ҳуқуқии хешро афзун намоем ва ҳам ҳуқуқу вазифашиносии дигаронро эътироф ва қадр намоем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дастаҷамъона амнияту осудагии кишвару ҷомеаи худро ҳифз намоему дар шакли комил онро ба насли оянда ба мерос гузорем.

Неъмат МИРЗОЗОДА,
судяи Суди вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода