Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муъминобод. Дар ду сол 63 иншоот ба истифода дода шуд


Муъминобод. Дар ду сол 63 иншоот ба истифода дода шуд



Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома дорад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Муъминобод ба истифода додани 200 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилоъ, дар асоси нашқаи пешбинишуда, масъулини ноҳия дар соли 2022-юм 20 иншоот ва соли 2023-юм 30 иншоот бояд сохта, ба истифода супорида мешуд. Дар ин муддат, дар маҷмуъ 63 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 136%-и нақшаро дар бар мегирад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои созанда, маҷмӯи иншооти ҷашниро дар соҳаи саноат 16 иншоот, тандурустӣ 16 иншоот, фарҳанг 16 иншоот ва варзиш 14 иншоот дар бар мегирад.

Ҳамчунин, айни замон корҳои сохтмонию  ободкорӣ дар роҳҳову пулҳои мошингузар, марказҳои шаҳраку деҳот, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти таъйиноташон гуногун бо маром ҷараён дорад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода