Туҳфаи Пешвои миллат ба Соҳибҷамол неру бахшид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 207
15-16 декабри соли 2023 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муасиссаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахшро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат дар ин рӯз ба хотири баланд бардоштани рӯҳияи тарбиятгирандагони ин даргоҳ бо хонандагон суҳбати озод доир намуданд, ки Соҳибҷамоли шамшерзан низ имкон пайдо кард, то бо Президенти кишвар суҳбати рӯ ба рӯ намояд.
Соҳибҷамол Зоирова дар синфи 8-и “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахш таҳсил мекунад. Ӯ ба ғайр аз он, ки дар дарсҳо бо баҳои хуб мехонад, ҳамчунин маҳорати хуби шамшерзанӣ низ дорад. Ба гуфтаи Соҳибҷамол, орзуи кӯдакӣ ӯро водор кардааст, ки ба ин намуди варзиш машғул шавад.
- Дар кӯдакӣ орзу мекардам, ки шамшерзан шавам. Ҳар гоҳ филмҳоеро медидам, ки духтарон дар баробари мардон бо шамшер бозӣ мекунанд, ҳавасам меомад. Аммо фикр намекардам, ки ман низ рӯзе ба ин орзуи кӯдакии худ мерасам. Вақте ки ба толори варзишӣ рафтам, дидам, ки ба писарон аз рӯйи ин намуди варзиш тамрин медиҳанд.
Ҳамин тавр, як рӯз ба мураббиям гуфтам, ки ман ҳам мехоҳам ба мисли писарони ҳамсинфам шамшерзан шавам. Мураббӣ маро ба назди устоди варзиш бурд ва ман аз он рӯз ин ҷониб дар ин ришта машқу тамрин мекунам. Шукр, ки метавонам ба хостаам бирасам, - риштаи суҳбатро кушода гуфт Соҳибҷамол.
Вақте ки мо ба толори тамрини қаҳрамони маводи худ ворид шудем, ӯро дар ҳоли тамрин бо гурӯҳи писарону духтарон дарёфтем. Онҳо ҳама сарҷамъ ҳамроҳ бо устоди худ нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯхтанд.
Қаҳармони мо дар ҳоле ба шамшерзанӣ майл кардаю тамрин дорад, ки ин навъи варзиш дар Тоҷикистон чандон маъруфу пуртарафдор нест.
Мардуми кишвар низ дар бораи ин намуди варзиш кам маълумот доранд ва ё умуман намедонанд. Соҳибҷамол мехоҳад, ки дар ин ришта муваффақ гардида, соҳиби обру шавад. Ба ин васила ин варзишро миёни мардум муаррифӣ созад. Барои расидан ба ин мақсад пайваста талош мекунад. Саҳар то нисфирӯзӣ ба таълим машғул мешаваду пас аз он ба тамрини шамшерзанӣ. Ҳангоми сабти гузориш, хостем, ки чанд лаҳза ҳамроҳаш рақобат карда, маҳораташро санҷем. Дар ин вақт ӯ он гуна зарба мезанад, ки гӯё дар ҷанг бо Суҳроб бошаду Гурдофаридиашро исбот кардан мехост. Агар каме наворбардор аҳамият намедод, Соҳибҷамол бо зарбаҳо ва нозукиҳои бозии шамшерзанӣ маро мағлуб мекард.
Маврид ба зикр аст, ки мардуми тоҷик аз қадим ба ин намуди варзиш майл доштанду ба кӯдакон аз хурдӣ дарсҳои шамшерзанӣ меомӯхтанд. Зеро дар он вақтҳо маҳорати шамшерзанӣ ягона василаи муҳофизат буд.
- Ман хушбахттарин фардам, ки имконият бароям даст дод, то бо Пешвои миллат, Президенти кишвар рӯ ба рӯ суҳбат карда, дар бораи худ нақл кунам. Ин имконият на ба ҳар кас муяссар мегардад. Вақте ки зимни суҳбат Пешвои миллат аз дастовардҳои ман пурсон шуд, ман гуфтам, ки дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолиб ва сазовори мақоми аввал гардидам. Пешвои миллат сари маро сила карда гуфт: «Бачам, парво накун. Тамрин кун. Пеш рав. Ҳар вақт лозим шавад, ман кумак мекунам. Ман ҳатман ба ту аз номи худ туҳфа мефиристам». Дар он вақт, ки дасти падари кулли ҷавонон сарвари ятимпарвар болои сари ман буд, худро бузургтарин шахс ва ғолибтарин варзишгар дар тамоми дунё эҳсос карда будам. Ман имрӯз талош мекунам, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ҳам дар дарс ва ҳам дар тамрин фаъол бошам, то тавонам дар берун аз кишвар Парчами Тоҷикистонро боло бардошта, ифтихори худу ҳамватанонам бошам, - мегӯяд Соҳибҷамол.
Ҳамин тавр, туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти Соҳибҷамол расид. Пас аз чанд рӯз туҳфаи Пешвои миллатро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Вахш ва доираи хонандагону омӯзгорони “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахш ба Соҳибҷамол супориданд. Туҳфа аз як адад шамшер барои тамрин ва як адади дигар борои мусобиқа ва сару либоси варзишӣ иборат буд.
Маврид ба зикр аст, ки Соҳибҷамол Зоирова яке аз ҷавонони фаъол ва варзишгари хубе дар риштаи шамшерзанӣ маҳсуб ёфта, то ин дам ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳоло вай дар синфи ҳаштум таҳсил дошта, баҳри рушд ва такмил додани варзиши шамшерзанӣ талош дорад. Соҳибҷамол аз ин туҳфаи Президенти мамлакат хушнуд гашта, ваъда медиҳад, ки баҳри баланд бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи намуди варзиши шамшерзанӣ дар арсаи байналмилалӣ талош мекунад.
Ӯ рӯзи 15 май дар яке аз мусобиқаҳои берун аз кишвар, дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок мекунад ва марому нияташ танҳо ғалаба кардан аст. Мо низ ба Соҳибҷамол ва дигар варзишгароне, ки мехоҳанд дар ин мусобиқаи варзишӣ иштирок кунанд, барору муваффақият таманно дорем!
Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»,
Шодрӯз Давлатов,
таҷрибаомӯзи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00