Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Нақши рӯзномаи “Новый Хатлон” дар рушди матбуоти тоҷик»


«Нақши рӯзномаи “Новый Хатлон” дар рушди матбуоти тоҷик»




1 май дар маркази иттилоотии Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба ифтихори 80-умин солгарди нашри якумин шумораи рӯзномаи русизабони вилоятӣ “Новый Хатлон” мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши нашрияи “Новый Хатлон” дар рушди матбуоти тоҷик» баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, собиқадорони матбуот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.




Аҳли эҷоди нашрияи “Новый Хатлон”- ро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Юсуф Амирхон шодбош гуфт. Қайд гардид, ки рӯзи 1 майи соли ҷорӣ аз замони нашри шумораи якумини рӯзномаи русизабони вилоят – “Новый Хатлон” (дар гузашта “Красный хлопкороб”, “Курган-тюбинская правда”) 80 сол сипарӣ шуд. Тӯли ин ҳашт даҳсола рӯзнома бо хизмати содиқона дар иттилоотонии мардум, маҳви бесаводӣ, ташаккули афкори омма, муаррифӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ саҳми шоиста гузошта меояд.

Аҳли эҷоди рӯзномаи “Новый Хатлон” тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри баланд бардоштани маърифат, шуурнокии мардум, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату сарҷамъии халқи сарзамин ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз истифода мекунанд.

- Хизмати содиқона ба халқу Ватан рисолати касбӣ ва ҳадафи аслии ҳар рӯзноманигор аст, - зикр намуд Ю. Амирхон. - Онҳо бо навиштаҳои худ дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, қонунҳои миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, раҳоӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, инъикоси фаъолияти самарабахши меҳнаткашон, навоварии олимон, дастоварди парчамбардорони варзиш, вусъати амалҳои неки соҳибкорон ва ғайра мусоидат менамоянд.

 


Дар идома собиқадори рӯзнома Хайрулло Давлатов, номзади илмҳои филологӣ Дилором Маҳкамзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ва дигарон доир ба таърихи ташаккул ва таҳаввул, мавзуъ ва мундариҷа, фаъолияти пурмаҳсули публитсистони нашрия андешаҳо баён намуданд.

Зикр гардид, ки рӯзноманигорони нашрияи “Новый Хатлон” дар қатори дигар ВАО воқеияти зиндагии имрӯза, рушду тараққии иҷтимоию иқтисодӣ, дастоварду муваффақиятҳо, мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳаллу бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, умуман, таҳаввулоту дигаргуниҳоеро, ки дар ҳаёти рӯзмарраи вилоят ба амал меоянд, инъикос менамоянд.




Пас аз муҳокимаи маърӯзаҳо маросими тақдими Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба собиқадорони нашрия сурат гирифт. 

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода