Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА НЕСТ КАРДАНИ ҲАШАРОТИ ЗИЁНОВАР


ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА НЕСТ КАРДАНИ ҲАШАРОТИ ЗИЁНОВАР




Имрӯз, 30 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои мавзеъҳои хуруҷи малах, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва нест кардани малах мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои Левакант, ноҳияи Кӯшониён Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор ва Данғара корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома дорад.

Дар мавсими имсола мувофиқи дурнамо дар майдони 72895 гектар коркарди кимиёвии бар зидди малахи маррокашӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар майдони 30803 гектар  хуруҷи малах ба қайд гирифта шудааст ва ба ҳолати 27.04.2024 дар майдони 28715 гектар кардарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, дар минтақаи Бохтар дар майдони 17695 гектар ва дар минтақаи Кӯлоб дар майдони 11020 гектар бо ҷалби 20 адад тракторҳои дорупошӣ, 7 адад автомашинаҳои дорупошӣ, 636 адад дорупошакҳои дастии мотордор, батарегӣ ва насосодор ва бо ҷалби 780 қувваи корӣ сафарбар карда шудааст. 

Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулин дастуру супоришҳо оид ба кору фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вобаста ба ташкили муборизаи муташаккилона бар зидди малах доданд. Таъкид карда шуд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирии аз паҳншавии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода