Раиси вилоят: “Ташаббуси соҳибкор намунаи ибрат ва мояи шарафмандист”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 295
Имрӯз, 18 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо рафти корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар иншооти ҷашнии маҳаллаи “Хатлон” шинос шуд.
Нахуст, Давлаталӣ Саид дар даромадгоҳи маҳаллаи “Хатлон” аз лоиҳаи азнавсозиву таҷдиди дарвозаи маҳалла ва корҳои роҳсозӣ, ки бо саҳми яке соҳибкори маҳалл анҷом дода мешавад, дидан намуд.
Дарвозаи маҳалла рангубор ва бо нақшу нигораҳои миллӣ оро дода шуда, роҳравҳо таъмиру сафолакпӯш гардидааст. Ҳамзамон, роҳҳои дохилии маҳалла мумфарш шуда, симчӯбҳои барқӣ иваз мегарданд. Дар доираи корҳои ободонӣ инчунин биноҳои истиқоматии баландошёна рангубор карда шуда, иншооти ёрирасон (нонпазхона) дар назди биноҳои баландошёна таъмиру азнавсозӣ ва варзишгоҳи маҳалла таъмир карда шудааст. Бо ибтикори соҳибкор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои таълимӣ таъмин гардидааст.
Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниёзмандон ва толори варзишии замонавӣ барои ҷавонони маҳалла аз ҷониби соҳибкор ба нақша гирифта шудааст.
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон дар варзишгоҳи маҳалла тӯйи хайриявии чор ҷуфт домоду арӯс аз оилаҳои ниёзманд барпо гардида, ба навхонадорон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ (ҷиҳози рӯзгор) туҳфа супорида шуд.
Ҳамзамон, ба 300 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат сару либоси идона, сечархаҳо ва кӯмакҳои молӣ, ба 25 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ дастрас карда шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид ва мулоқот бо соҳибкорон ва сокинони маҳалла ба соҳибкори ватанӣ барои ташаббусҳои созандааш изҳори сипос намуда, иқдомоташро намунаи ибрат арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, таъкид дошт, ки дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа аз зумраи амалҳои созандаи мардуми тоҷик ба шумор меравад ва идома додани ин анъана нишонаи пайравӣ ба суннатҳои неки ниёгонамон мебошад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...