Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Симои адиб дар экран


Симои адиб дар экран


Дар давоми таърихи кинои тоҷик дар бораи устод Садриддин Айнӣ як силсила филмҳои ҳуҷҷатӣ офарида шудааст, ки онҳо бо мурури замон аҳамияти калони таърихиву бадеӣ пайдо намудаанд. Ин филмҳо чӣ аз назари ҳуҷҷатнигории айёми ба навор гирифта шуданашон ва чӣ аз назари маҳфуз доштани симои зиндаи устод барои наслҳои нави тамошогарон қимати беандоза доранд.

Яке аз аввалин эҷодкорони кинои тоҷик, ки ба тасвири симои Айнӣ дар экран даст задааст, коргардон Ғуломризо Баҳор буд. Ин марди ҳунар, ки дӯсти ҳамрозу ҳамқарини устод Лоҳутӣ ва ҳамдасту ҳамсафи Комил Ёрматов буд, ба кинои ҳуҷҷатӣ ҳавас дошт ва чанд навори мустанад таҳия намуд, ки аз шавқу завқ ва диди хоссааш дарак медоданд. Ӯ соли 1937 ба муносибати 100-солагии шоири шаҳири рус А. Пушкин, бо номи “Инженерони рӯҳи инсон” (филмбардор Файзулло Эшонов) наворе офарид. Ҷиҳати асосӣ ва наҷиби ин филми кӯтоҳметраж он буд, ки Ғ. Баҳор на танҳо бузургии назми Пушкинро нишон медод, балки аз риштаҳои ба ҳам пайвандкунандаи се даҳои адабиёт Пушкин, Айнӣ ва Лоҳутӣ сухан меронд. Образи Айнӣ дар навор ҳоло ба дараҷаи такомули бадеӣ набошад ҳам, дар як паҳнои хурди тасвирӣ пайвастани се образи мардони бузурги адабиёт қобили таваҷҷуҳ буд. Дар солҳои минбаъда қариб ҳамаи филмҳои ҳуҷҷатиро дар бораи Айнӣ коргардон Борис Кимёгаров таҳия намудааст.

Ӯ бори аввал ба мавзуи зиндагӣ ва фаъолияти устод соли 1948, ба муносибати 70-солагии адиб муроҷиат намуд ва филми дуқисмаи “Садриддин Айнӣ”-ро офарид, ки он дар Душанбе, Бухоро, Самарқанд, Панҷакент ба навор гирифта шуд.

Филми “Садриддин Айнӣ” бо сайри ҷуғрофӣ ба Бухоро - ба ҷойҳои бо номи устод пайваста оғоз меёбад. Нависанда дар он ҷо тавлид ёфта, зиндагӣ ва таҳсил кардааст, дар он ҷо инқилобро пешвоз гирифтааст. Ҳуҷҷатҳо, расмҳо рӯҳи он рӯзҳоро акс мекунанд. Сипас, дар кадр худи нависанда ба ҳамсафаронаш - адибони тоҷик аз он айём, ки дар ҷисму рӯҳаш нақши фаромӯшношуданӣ гузоштааст, нақл мекунад.

Дар экран кадрҳои репортажӣ пайдо мешаванд: устод бо аҳли хонадонаш, устод ҳангоми дарсгӯйӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, устод қабри Рӯдакиро тадқиқ мекунад, устод дар суҳбат бо адибони ҷавони тоҷик, устод сессияи Шурои Олии Тоҷикистонро мекушояд... кадрҳо аз вохӯриҳои Айнӣ бо Максим Горкий, Юлиус Фучик, Михаил Калинин шаҳодат медиҳад. Бори аввал дар экран кинопортрети нависандаи мубориз, муҳаққиқи закӣ, муаллими ғамхор ва марди наҷиб офарида шуда буд.

Б. Кимёгаров ба муносибати 75-солагии нависанда филми “Ҷашни пуршараф”- ро (1953) таҳия намуд. Дар он қисме аз материалҳои филми пешина такрор ба назар расанд ҳам, баробари он тасвирҳои тоза, ба мисли кадрҳои хроникаи ҷашни 70-солагии устод истифода шуда буданд, ки ҳаёт ва эҷодиёти Айниро васеътар инъикос мекарданд.

Филми Б. Кимёгаров “Сарояндаи Ватан” (1968) қадру эътибори махсус пайдо кард. Доираи маводи тасвир васеъ гардид. Дар экран интервюҳо бо ҳамзамону ҳамкасбони Айнӣ пайдо шуданд. Рӯҳи филм, образи устод бештар оҳангу сифатҳои публитсистӣ пайдо карданд.

Филм адибро танҳо инъикос намекард, адиб дар экран дар робитаву муносибат бо ҳамаи онҳое буд, ки адабиёти моро пеш бурдаанд. Экран симои он суханваронеро зинда намуд, ки дар ҷанг шаҳид шудаанд ва ё бемаҳал аз байни мо рафтаанд.

Дар “Тоҷикфилм” навори таълимӣ бо номи «Садриддин Айнӣ» (1975) истеҳсол гардид. Мақсади эҷодии офарандагони он (сенария аз Ҳамроқул Шодиқулов, коргардон ва филмбардор Владимир Бидило) нисбатан хоксорона буд. Қатъи назар аз ин, филм аз доираи асарҳои таълимӣ ва тарҷумаҳолӣ берун баромада, бештар характери ҳуҷҷатӣ-публитсистӣ пайдо кард.

Ғайр аз кадрҳои маълуми ба таври репортаж ва ҳамчунин синхронӣ ба навор гирифташудаи Айнӣ, муаллифон хеле лаҳзаҳои навро акс гирифтанд, ки онҳо ҳаёт ва фаъолияти Айниро дар экран пурратар инъикос мекунанд. Баробари ин, принсипҳои соф таълимӣ низ риоя карда шудаанд.

Аз ин рӯ, дар филм маълумот ва маводи аёнӣ дар бораи осори бадеии нависанда (порчаҳо аз филмҳое, ки аз рӯйи асарҳои устод офарида шудаанд) бештар ҷой гирифтаанд.

Соли 1978 Соли Айнӣ эълон гардид. Аҳли адабу ҳунар ба пешвози ҷашни 100-солагии зодрӯзи адиби бузург бо ғайрату неруи тозаи эҷодӣ асарҳои ҷашнӣ меофариданд. Кинематографистон низ бо унвони “Чароғи абадӣ” (муаллифи сенария ва коргардон Борис Кимёгаров, муаллифи матн Лина Полторак, филмбардорон Геннадий Ортиқов, Владимир Бидило) филми пурраметражи мустанадро офариданд.

Сазовори қайд аст, ки филм дар бораи Айнӣ ба филме дар бораи тавлиду ташаккули маданияти давраи нави тоҷик мубаддал гардид. Ин яке аз сифатҳои муҳим ва назарраси филми нав буд ва он мантиқан дуруст аст. Зеро Айниро аз ҷараёни шаклгирии адабиёт, санъат ва маданияти нави миллии тоҷикон, аз воқеаҳои муҳими маданӣ ва комёбиҳои эҷодии адибону санъаткорон ҷудо ва канда тасвир кардан таърихан нодуруст мебуд. Чунки Айнӣ дар сари гаҳвораи ин маданият, ин адабиёту санъат меистод. Бозёфту пешравиҳои эҷодӣ дар адабиёту ҳунар бо ғамхориву мададгории устод пайваста буданд.

Филм роҳи ҳаёт ва эҷодиёти Айниро дар ҳамин гуна заминаи таърихӣ-маданӣ нишон медиҳад. Ба ин мақсад, материалҳои ду Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москав пурратар акс ёфтаанд. Мо тавассути экран аз нав шоҳиди он рӯзҳо мешавем, порчаҳоро аз намоишномаҳои “Калтакдорони сурх”, “Коваи оҳангар”, “Шӯриши Восеъ”, “Ду гул” тамошо мекунем, қадршиносӣ ва мукофотгирии Айнӣ ва дигар ҳунарваронро  мебинем ва аз шуҳрати санъати миллии тоҷикон дар он солҳо меболем.

Дар филм мавқеи интервю басо калон аст. Адибони маъруфи шуравӣ Алкесей Сурков, Георгий Марков, Чингиз Айтматов, Комил Яшин, суханварони тоҷик Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шукуров, Муъмин Қаноат, Президенти АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ дар филм бо интервюмусоҳибаҳои худ иштирок доранд. Ҳар яки онҳо дар сухани худ ягон ҷиҳат, ягон паҳлуи фаъолияту эҷодиёти устод, ягон сифати шахсияти ӯро нақл кардаанд.

Интервюҳо ҷо-ҷо, аз рӯйи зарурати драмматургии филм оварда шудаанд. Ҳамин тавр, менамояд, ки интервю дар филм ба ҷузъи муҳими ифодаи экранӣ табдил ёфта, мавзуи Айниро аз “Марши ҳуррият” шуруъ карда, (сухани Ҷ. Икромӣ) то мақоми Айнӣ ҳамчун фарди бузурги илму маданияти тоҷик (сухани М. Осимӣ) ба як ришта кашидааст.

Бадеияти баъзе кадрҳои филм басо хуб фикр карда шудааст. Чунончи, камера мусаввараҳои рассом Суҳроб Қурбоновро ба мавзуи асарҳои Айнӣ оҳиста-оҳиста, лавҳа ба лавҳа аз назар мегузаронад ва гӯё аз мағзи дили қаҳрамонони ин мусаввараҳо бошад, суруди Ҷӯрабек Муродов ба гӯш мерасад, ки аз он образи он дунёи куҳнаи ситам, ғарибӣ ва бечорагӣ падид меояд.

Ё ки дар кадр тасвири бузурги сурати Қорӣ Ишкамба аз кадомин як нашри “Марги судхӯр” пайдо шуда, он ноаён бо порчаи филми “Марги судхӯр”, бо ҳамон гуна тасвири бузурги судхӯри зинда (дар иҷрои Зоҳир Дӯстматов) васл карда шудааст, гӯё Қорӣ Ишкамба якбора ҷон мегираду ба ҷустуҷӯи пулҳояш ба сӯи бонки рус медавад. Афсӯс, ки бадеият дар филм на ҳамеша ҳамин гуна образнок ва пурэҳсос аст.

Баъд аз филми “Чароғи абадӣ”, дар муддати чил сол, агар навори таълимии “Китоби С. Айнӣ “Ғуломон” (1989, коргардон С. Ҳамидов)-ро сарфи назар кунем, кинематографистони тоҷик дигар ягон чизи арзандае дар бораи устод, хусусан аз нигоҳи истиқлоли миллӣ наофаридаанд.  Ин беэътибории нобахшиданист нисбати падари адабиёти замони нави тоҷик.

Дар охир гуфтани як мулоҳизаро доир ба масъалаи ба навор гирифтани арбобони илм, маданият, адабиёту санъат зарур мешуморем. Чунон ки аз тамошои филмҳо  дар бораи Айнӣ маълум мешавад, ӯро дар вақташ хеле кам ба кино гирифта будаанд.

Аҷиб, дар як шаҳр, дар як ҷумҳурият, паҳлу ба паҳлу бо кормандони кино як инсони бузург, асосгузори адабиёту маданияти нави мо зиндагӣ ва эҷод мекард, аммо ӯро ба ғайр аз он лаҳзаҳое, ки дар филмҳои Б. Кимёгаров дидем, ба дараҷаи кофӣ, ҳаматарафа ба кино нагирифтаанд. Ана барои чӣ дар филмҳое, ки ба Айнӣ бахшида шудаанд, шахсияти устод, характери ӯ ҳамчун инсон мукаммал нестанд. Ин хеле  афсӯсовар аст, зеро гузашта такрорнопазир аст.

Ато АҲРОРОВ,
номзади илмҳои санъатшиносӣ,
шаҳри Самарқанд

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода