Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ёвон. Аз меҳнат ризқу рӯзӣ меёбӣ


Ёвон. Аз меҳнат ризқу рӯзӣ меёбӣ



Дар замин кор кардану аз ҳисоби дастранҷи хеш чархаи зиндагиро тоб додан яке аз амалҳои нек ба ҳисоб рафта, инсонро дар ҷомеа некному соҳибэҳтиром мегардонад. Қаҳрамони матлаби мо Абдусамад Ёров, сокини деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти “Ситораи сурх”-и ноҳияи Ёвон аз қабили чунин афроде ҳаст, ки ризқи ҳалолашро аз замини наздиҳавлигияш дарёфт мекунад.

Абдусамад Ёров бо омӯхтани таҷрибаҳои кишоварзони чинӣ дар замини наздиҳавлигии хеш гармхона бунёд намуда, ба парвариш ва нигоҳубини сабзавоти барвақтӣ машғул аст. Чи тавре ки ӯ мегӯяд, 7 сол қабл кишоварзон аз давлати мардумии Чин ба Тоҷикистон омада, дар заминҳои хоҷагии деҳқонии ноҳияи Ёвон ба кори хоҷагидорӣ машғул шуданд. «Таваҷҷуҳи маро таҷрибаи хубу ҳосили фаровон ба даст овардани онҳо бештар ҷалб намуд. Ба худ савол гузоштам, ки чаро онҳо метавонанду мо не? Дар пеши худ мақсад гузоштам, ки дар замини наздиҳавлигиам таҷрибаи чиниҳоро амалӣ месозам. Тамоми саъю талошамро пайи амалишавии ин мақсади нек равона кардам ва хушбахтона, муваффақ ҳам шудам.

Барои омӯхтани нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ ва рӯёнидани сабзавоти тару тоза дар шароити хона ба назди деҳқонони номдор рафтаму аз омилҳои самаранокиву фаровонии ҳосил таҷриба гирифтам. Маро бештар тарзи кори чиниҳо дар замин ба худ ҷалб сохт. Онҳо имкон доранд аз як замин то се ва ё аз он зиёдтар ҳосил ба даст оранд»,- мегӯяд мусоҳиби мо.

ДАР ШАРОИТИ ХОНА

Ин кишоварзи муваффақ таъкиду дастурҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ сармашқи кори хеш қарор дода, ҳар ваҷаб заминашро самаранок истифода мебарад.

Масоҳати умумии замини кишти наздиҳавлигии ин барзгар 15 сотихро ташкил медиҳад, ки дар он пиёз, сирпиёз, помидор, бодиринг, лимӯ ва дигар навъҳои сабзавот парвариш меёбад. Ҳосили бо обилаи даст ва арақи ҷабин рӯёнидаи ӯ дар бозор ва маҳалли зист харидорони зиёд дорад.

Помидоре, ки Абдусамад Ёров парвариш мекунад, навъҳои хушсифат буда, дар бозор харидорони зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, сокинони ин маҳал талош мекунанд, ки парвардаи помидорро аз ин ҷо бибаранд. Ҳангоме ки тухми помидору бодирингро дар гармхона мекорад, аллакай ҳамдеҳагон дархост мекунанд, ки барояшон ниҳоли помидор парвариш кунад. Вақте ки парварда барои кӯчонидан мерасад, дарҳол онҳо кӯчатро мебаранд. Навъи помидоре, ки ӯ дар ин гармхона парвариш мекунад, аз шаҳри Бохтар ва бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе дастрас мекунад ва таваҷҷуҳи мардум низ ба ин навъи помидор бештар аст.

Сокинони деҳаи Фирдавсӣ мегӯянд, ки бештар ниҳолҳои помидору бодиринг ва қаламфури булғориро аз хонаи акои Абдусамад оварда, дар заминҳои наздиҳавлигии худ мешинонанд. Ӯ ба онҳо тарзи шинонидан ва парвариши сабзавотҳоро мефаҳмонад. Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки бархе аз бошандагони ин русто таҷрибаи хубу самаровари Абдусамад Ёровро дида, дар заминҳои наздиҳавлигии худ азми бунёд кардани гармхонаро доранд. Ба ин васила заминҳои дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода карда, дар ғанӣ гардонидани иқтисодиёти оила саҳм мегузоранд.

Ҷиҳати самараноку оқилона ва мақсаднок истифода бурдани ҳар қитъа замин тадбирҳои заруриро андешида, тамоми омилҳои агротехникиро хуб ба роҳ мондан, дар як сол то се ҳосил ба даст овардан ин ҳама аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳамсару фарзандони қаҳрамони мо дарак медиҳад. Чи тавре ки ӯ мегӯяд: “Дар кори заминдорию рӯёнидани ҳосили хуб саҳми оилаам хуб ба назар мерасад. Чунки онҳо дар кишту кори сабзавот паҳлуи ман ҳастанд, кор дар замин ва гармхонаҳо шуғли асосии оилаамон гардидааст. Дар ҳолати зарурӣ, афзун шудани корҳои заминдорӣ ҳамсоягон низ бар ивази ҳақмузд дасти кумаки хешро дареғ намедоранд. Дар ҳолатҳои душворӣ ҳамеша дар барамон ҳастанд”.

Абдусамад Ёров боз афзуд: “Аз замоне, ки ба кори кишоварзӣ машғул гардидам, хароҷоти оилавиам аз бозор кам гардид. Тамоми маҳсулоти кишоварзиро аз замини худ рӯёнида, захира мекунам”.

Сабзавоти барвақтии ин марди деҳқон нашъунамои хуб дошта, ният дорад, ки баъд аз 10- 15 рӯз ба бозор барорад. Чи тавре ки ӯ мегӯяд, иқлими ноҳияи Ёвон барои кишту парвариши ҳама зироатҳои кишоварзӣ мутобиқ аст. Ҳар нафар метавонад бо меҳнату ранҷи дастони хеш ва таъмини ғизонокӣ аз замини наздиҳавлигиаш ҳосили дилхоҳ ба даст орад.

Абдулло РИОЕВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода