Хатари терроризм дар фазои иттилоотӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 219
Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба марҳилаи навини давлатдории миллӣ ворид мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба гирдоби бетартибиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ рӯ ба рӯ гардид. Хавфи пароканда шудани миллат ва аз даст додани давлат ба амал омада буд. Хушбахтона, дар ниҳояти кор дарки рисолати таърихӣ, бар дӯш гирифтани тақдири ояндаи миллату давлат, ҷонбозиҳову талошҳои фарзандони бонанги ватан ва ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон муттаҳид шудани неруҳои солимфикри сиёсии мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бетартибиҳои сиёсӣ хотима бахшиданд.
Мутаассифона, дар ибтидои асри XXI зери таъсири бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ва ба амал омадани равандҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ дар фазои иттилоотию идеологии ҷомеа таҳдиду хатарҳои навин пайдо гардиданд. Аз ҷумла пайдоиши терроризми байналмилалӣ, тавсеаи фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои тундгароӣ, ташкил гардидани ҳар гуна бетартибиҳои сиёсӣ ва инқилобҳои ранга ва ба сари мардум бор намудани фарҳанги бегона таҳдиду хатарҳое мебошанд, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки неруҳои хориҷӣ равона шудаанд.
Ба ибораи дигар, дар шароити муосир дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳо дар шаклҳои нав ва бо роҳу усулҳои нав ба амал омада истодаанд.
Дар ин масир рушди технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши истифодабарандагони шабакаи интернет барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки неруҳои тахрибкор шароит фароҳам меоваранд.
Тӯли ду даҳсолаи охир рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо суръати хеле баланд ба амал омада истодааст. Аз як ҷониб чунин тамоюлот барои ҳалли як қатор масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ имконият фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар дар фазои иттилоотии ҷомеа хавфу хатари гуногунро ба вуҷуд овардааст. Чи гунае ки маълум аст, ҳар як дастоварди инсоният метавонад ҳам ба фоидаи инсон ва ҳам бар зарари вай истифода бурда шавад. Чунин воқеиятро дар мисоли шабакаи интернет ва бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Албатта, шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъмин намудани иртиботи одамон, иттилоотонии ҷомеа, пешбурди сиёсати иттилоотӣ ва қонеъ намудани талаботи иттилоотии қишрҳои гуногуни ҷомеа хизмат менамоянд.
Дар ҳар як ҷомеа иқтидори иттилоотии шабакаҳои иҷтимоиро метавон ба манфиати сиёсати иттилоотии давлат истифода бурд. Мутаассифона, дар баробари ин шабакаҳои мазкурро як қатор неруҳои тахрибкор барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки хеш низ истифода менамоянд. Дар шароити имрӯза дар фазои маҷозии интернет, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешбурди ҷангҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароӣ, тундгароӣ ва террористӣ, паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, иғвоангезӣ ва таъсиррасонии психологӣ ба афкори ҷамъиятӣ хеле зиёд гардидаанд. Чунин фаъолнокии иттилоотиро дар рафтору амали экстремистон ва террористон бештар мушоҳида намудан мумкин аст. Ба ибораи дигар, айни замон созмонҳои экстремистию террористӣ имкониятҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоиро барои тарғибу ташвиқи ғояҳои радикалистии худ ба таври васеъ истифода намуда истодаанд. Мутаассифона, дар натиҷаи тавсеаи миқёси чунин тарғибот як зумра ҷавонони ноогоҳ фирефтаи андешаҳои муғризонаи чунин созмонҳо гардида, ба доми онҳо меафтанд ва дар сафи экстремистону террористон қарор мегиранд.
Дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Бо назардошти чунин вазъ ҳанӯз соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Дар мамлакат бо бештар шудани таҳдиду хатари тундгароӣ ва ифротгароӣ бори якум барои солҳои 2016-2020 ва бори дуюм барои солҳои 2021-2025 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Дар стратегияҳои мазкур ба таҳдиду хатарҳои фазои иттилоотии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ 26 январи соли 2021 ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, қайд карда буданд: «Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки ду даҳсолаи охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои гуногуни олам инқилобҳои ранга ва бетартибиҳои сиёсӣ ташкил намудаанд. Воқеаҳои кишварҳои Шарқи Наздик ва бетартибиҳои сиёсии давлатҳои пасошӯравӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд. Дар шароите, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ василаи амалӣ гардонидани манфиатҳои геополитикӣ ва унсури таркибии сиёсати дугона интихоб мегардад, хавфу хатари он ба суботи сиёсии ҷомеа бештар мешавад. Дар солҳои истиқлолият бори аввал нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳдиду хатари экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шудааст. Чунин зуҳуроти номатлубро ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аниқтараш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мушоҳида намудан мумкин буд. Айни замон бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризми иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотию идеологие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сурат мегиранд, ба таври воқеӣ таҳдид менамоянд.
Дар чунин шароити ҳассос омӯзгорону зиёиён ва ҳар як фарди некбини ҷомеаро зарур аст, ки хавфу хатари зуҳуроти эктремизм ва терроризмро ба донишҷӯён ва ҷавонон фаҳмонанд. Аз ҳама муҳим мақсадҳои ғаразноки созмонҳои ифротгароиро барои ҷавонон ошкор созанд ва мусоидат намоянд, то ки таъсири манфии онҳо то андозае коҳиш дода шавад.
Ҷавонони кишвар бояд сунъӣ будани инқилобҳои ранга, ҳадафмандона ташкил гардидани бетартибиҳои сиёсӣ, сиёсати дугона, маблағгузорӣ ва дастгирӣ ёфтани терроризм аз ҷониби баъзе давлатҳо ва аз ҳама муҳим омили бесуботкунанда будани онҳоро бояд дарк намоянд. Дар ин самт олимону донишмандон метавонанд нақши босазое дошта бошанд.
Бо назардошти тамоюлоти афзояндаи ин гуна таҳдиду хатарҳо дар оянда низ корҳои таълимию тарбиявӣ дар байни ҷавонон бояд тақвият дода шаванд. Зеро яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба созмонҳои экстремистию террористӣ ин баланд бардоштани маърифати иттилоотии онҳо, беҳтар намудани савияи дониши донишҷӯён ва ба илмомӯзию эҷодкорӣ сафарбар кардани онҳо мебошад. Чунин амал имкон медиҳад, ки мо – омӯзгорон дар таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузорем ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи авлату Ҳукумат то андозае мусоидат намоем.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессор
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...