Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Қабл аз оғози моҳи мубораки Рамазон мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иқдоми саривақтию таъсиргузор буд. Дар баробари таҳлилу баррасии як қатор мавзуъҳои рӯз Пешвои муаззами миллат қаблан вобаста ба фазилату хусусиятҳои моҳи Рамазон андешаҳои мондагор баён карданд.
“Бояд гуфт, ки ҳикмати парҳезкориву рӯзадорӣ танҳо дар хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, босабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.
Ҳамин тариқ, Сарвари давлат тибқи дастуроти ҳадисҳои набавӣ ва сураҳои қуръонӣ бори дигар моро ҳушдор сохтанд, ки барои вусъат бахшидани амалҳои хайру савоб фурсати муносиб фаро расидааст. Ҳамин аст, ки мо ходимони дин муваззаф гардидем, то корҳои фаҳмондадиҳиро ривоҷ дода, дар мавриди дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, хосса ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату нафарони танҳову барҷомонда мусоидат намоем. Илова бар ин, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ низ таъсиргузор буда, ҷомеаро ба роҳи рости зиндагӣ, ба камолоти дурусти инсонӣ ҳидоятгар бошем.
Дар ҳадис омадааст: “Ҳар кӣ дар моҳи Рамазон аз рӯи имону ихлос рӯза бигирад, ҳамаи гуноҳҳои дар собиқ кардааш бахшида мешавад”. Чун талоши мо баҳри соҳиб шудани саодати ҳарду дунёст, набояд фаромӯш кард, ки шартҳои рӯзадориро итоат намудан ҳатмист. Бахусус дар мавриди авфу бахшиши камбуду лағжиши якдигар, холисона кумак расонидани ниёзмандон ва дар умум ботинан хешро аз ҳар гуна кинаву ғараз, рашку ҳасад ва дигар хислатҳои разила пок намудан аст.
Ҳар амали хайр дар ин моҳ назар ба дигар моҳҳо дараҷаи зиёд дошта, подоши рӯзадоронро Аллоҳи меҳрубон худаш ато мефармояд. Хайру эҳсони ҳабиби Худо низ дар ин моҳ зиёд мегардад. Матлаб аз ин гуфтаҳо онаст, ки соҳибкорону тоҷирон, аҳли нафарони соҳибзакотро лозим аст аз ин неъмати хайр кардан дар ин рӯзҳои ғанимат баҳравар бошанд.
Бо назардошти иҷро гардидани дастуру ҳидоятҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат мо -ходимони дини шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола дар ин моҳи пурфайзу баракати Рамазон кӯшиш мекунем, аз ҳоли муҳтоҷон бохабар бошем. Ҳамин аст, ки дар чунин рӯзҳо ба аёдати пирони танҳову ниёзманд, хонаи солмандону бепарасторон рафта, барояшон ҳадяҳо тақдим мекунем, ки имсол низ ин гуна ташаббус бештар амалӣ хоҳад шуд. Дар заминаи ин матлаб ҳадисеро ёдовар мешавам, ки дар он омадааст: “Шахси саховатманд ба Аллоҳ наздик аст”. Итминони комил дорем, ки шахсони дорову саховатпеша имсол низ дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеаро ба инобат гирифта, бо ин васила муҳаббату раҳмати Худовандро соҳиб мегарданд.
Лутфан ёдрас мешавам, ки тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани закот аз 35 ҳазору 275 сомонӣ, 880 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ ба қишри ниёзманди ҷомеа бояд тақдим гардад. Дар мавриди додани садақаи фитр аз ҷониби ҳар як аъзои оила ба миқдори 7 сомонӣ аз ҳисоби нархи гандум ва аз ҳисоби нархи мавиз барои сарватмандон ба миқдори 54 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Фидяи савм бошад, ба миқдори 14 сомонӣ дар як рӯз муайян гардидааст. Умедворам, аз рӯи чунин ҳисоббаробаркунии шаръӣ ҳамдиёрони иззатмандамон амал менамоянд. Ба истиқболи иди фитр рӯзҳои башумор мондааст, бошад, ки аз фазилати даҳаи аввал, ки раҳмат аст, даҳаи мобайн мағфират ва даҳаи охир халосӣ аз азоби дӯзах аст, моро насиб гардаду дар сатҳи хубу хотирмон бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатамон, ки аз ақидаҳои диниву мазҳабиамон бармеояд, идро истиқбол бигирем. Чун рӯзҳои қабули дуо аст, мо ҳама мардуми шарафманди вилояти Хатлон дар баробари ибодатҳои холисонаи хеш сидқан ҷониби Худованди меҳрубон дасти дуо бардошта, таманно мекунем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани биҳиштосои соҳибистиқлоламон ҳамеша тинҷу ором осудаву шукуфон ва пойдору усутвор бимонад. Чунин самимияту муҳаббат, иттиҳоду якдилӣ ва дӯстдорию садоқати Ватандорӣ, бешак, моро боз ҳам ба фатҳи қуллаҳои умеду орзуҳои наҷиб хоҳад расонд.
Рӯзадориву тоату ибодат ва дигар амалҳои хайрамон, ки давоми сӣ рӯзи моҳи Рамазон ҷараён мегирад, рӯзи дигари ин моҳ Иди саиди фитрро чун ҳамешагӣ истиқбол хоҳем гирифт. Дар мавриди пазироии иди саиди фитр аз ҳамаи ҳамдиёрон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тартиботу интизом таваҷҷуҳ намоянд. Хуб аст агар дар ин рӯз намози идро бо қалбу нияти нек анҷом диҳем, тозагии муҳити зист, хосса дохилу атрофи масҷидҳо бояд ороста бошанду ронандагон дар ин рӯз ба тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд. Аёдати падару модар, пирони барҷомондаву ашхоси ниёзманду бемор ва барояшон тақдим кардани ҳадяҳои идона аз афзалтарин амалҳои хайр маҳсуб меёбад, ки инро низ бояд ба инобат гирифт. Зеро шод кардани қалбе назди Аллоҳи меҳрубон арзиши бузург дорад. Гаштугузори идона ба меҳмонӣ рафтан низ ҳадди худро дорад, ки набояд соатҳои тулонӣ сурат гирад.
Мутаассифона, дар рӯзҳои ид нархи маҳсулоти хӯрока боло меравад, ки тоҷиронро лозим аст, ҳадди худро шиносанду аз рӯи адолат маҳсулоташонро нархгузорӣ намоянд. Ҳол он ки ба хотири ҳурмату иззати ид бояд нарх, баръакс, паст гардад. Агар як андоза низ дар нархгузорӣ сабукӣ оваранд, ин амали соҳибкор барояш файзу баракат меоварад. Новобаста аз болоравии нарх дастархонҳои баъзе аз хонаводаҳо ба манзалати намоишгоҳ мушоҳида мешавад, ки аксар неъматҳои рӯи он исроф шудаву ба партовгоҳ ҳавола мегардад.
Афсӯс, ки бархе аз ҳамдиёрони мо ҳанӯз ҳам фарҳанги сарфакориро дарк накардаву ин қадар зиёдаравӣ мекунанд, ки исроф худ ҳаром аст. Бо назардошти ин гуна ҳолат таъкид менамоям, ки хони идона бояд бо маънои томаш маънавӣ бошаду иборат аз одитарин хӯроку хӯришҳои миллӣ.
Дар рӯзи ид хурду калон хурсандӣ мекунанд ва боиси шукргузорист, ки маҳз дар заминаи таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ин рӯз ҳамчун рӯзи ид эълон гардид, ки қаблан чунин набуд. Бигзор ҳама хурсандӣ кунанд, вале аз ҳамдиёрони иззатманд дархост менамоям, ки болои фарзандони хеш дар ин рӯз назорат баранд. Хона ба хона гаштани кӯдакону наврасон қобили қабул нест, ки аслан ин гуна оин аз гузашта дар дину мазҳаби мо набуда, аз рӯи урфу одат эҳё гардидааст. Умедворам, ин, ҳама гуфтаҳои маро ҳамдиёрон дуруст қабул карда, баъди як моҳи рӯзадориашон иди саиди фитрро, ки 10 апрел фаро мерасад дар сатҳи лозима истиқбол мегиранд.
Усмоналӣ Нурзода,
муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии вилояти Хатлон
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.