Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чор ноҳия нақшаро дар як рӯз иҷро карданд


Чор ноҳия нақшаро дар як рӯз иҷро карданд




Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон ва Муъминободи вилояти Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуд.

Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз Комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, аз 5 марти соли 2024, №791, моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар асоси фармони болозикр ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода