Восеъ: Бунёди коргоҳҳои нави саноатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 297
Дар ноҳияи Восеъ бо дастгирии соҳибкорон имсол 7 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо беш аз 50 сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардид.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ду моҳи соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 17 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки 121 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар назди Ҷамъияти саҳомии “Хоҷамуъмин”-и ноҳияи Восеъ, ки яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад, ҳоло дар як рӯз беш аз 10 тонна намак коркард шуда, аз он ду намуди намак истеҳсол мешавад. Бо ворид шудани таҷҳизоти замонавӣ дар корхона истеҳсоли маҳсулот зиёд шуда, ҷойҳои нави кор бештар гардид. Инчунин бо мақсади таъсиси ҷойи кор дар ин корхона бо ҷалби мутахассисони соҳа коргоҳи нави истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода шуд, ки дар айни замон зиёда аз 40 нафар занону ҷавонон дар он кор мекунанд.
Дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби соҳибкорон 42 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дар оянда бештар шудани шумораи корхонаҳои саноатӣ тадбирандешӣ мекунад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00