Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал


Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал




Дар деҳаи Назарбоии Ҷамоати деҳоти “Чагам”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пул ба дарозии 30 метр ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур мушкилии беш аз 200 хоҷагиро баҳри гузаштан аз селроҳа, ки дар фасли баҳору зимистон бо омадани сели зиёд ба рафтуомади бошанагони деҳаи Назарбоӣ монеа эҷод мекард, бунёд ёфт. Дар ин деҳаи дурдаст беш аз 1500 нафар истиқомат мекунад. Ба иттилои бошандагон, кӯпруки мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Рустам Шаҳбозов бунёд гардида, чунин тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ баҳри рушди маҳал дар ин деҳа аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Хусусан, бунёди чоҳи амудӣ аз дигар иқдомҳое мебошад, ки дар ин деҳа амалӣ шуд. Оби ошомиданӣ аз чуқурии 95 метр бароварда шудааст ва сокинони атроф бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мешаванд.

Ба иддаои сокинон, соле пеш Рустам Шаҳбозов, ки зодаи ҳамин деҳа мебошад, бо бунёди як чоҳи  амудӣ беш аз 100 оиларо бо об  таъмин карда буд ва ин иқдомро идома медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода