Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Амри қалб, тақво ё тақлиду худнамоӣ?
Солҳои охир шумораи зиёди шаҳрвандон барои адои ҳаҷҷи умра мераванд. Ин раванд агар аз кишвари демократию дунявӣ ва бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии сокинони малакат дарак диҳад, аз ҷониби дигар суолеро ба миён меорад, ки то куҷо маърифати истифодаи самарабахши маблағро медонем?
Ҳоҷибобою ҳоҷибибиҳо қариб дар ҳар хона ҳастанд. Ин ки ба хонаи Худо мераванд хуб аст, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳама зиёраткунандагон танҳо ба хотири зиёрат мераванд ё саёҳат, ё худнамоӣ...
Оё баъди анҷоми зиёрати он макони муқаддас баъзе хислату рафтори манфиашонро фаромӯш мекунанд, ё бо гузашти якчанд рӯз боз ҳамон “Аҳмади порина” мешаванд?!
Ин андешаро ҳатто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте, ки рӯзи 9 марти соли ҷорӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доштанд, хеле хуб баён карданд: “Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷ ё умра гуноҳи онҳоро пок месозад, ки ин фаҳмиши берун аз мантиқ ва моҳияти дин аст. Бахусус, вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд. ...Худованд парҳезкориро дӯст медорад ва парҳезкор будан, албатта, хуб аст. Аммо маънои парҳезгорӣ танҳо бо нахӯрдани таом маҳдуд намегардад, балки худдорӣ аз ҳама гуна корҳои зишту нораво, исрофкорию зиёдаравӣ, хурофоту таассуб ва монанди инҳоро дар назар дорад”.
Дар ҳақиқат, баъзеҳо тавассути маблағи фарзандонашон, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худашон фарзандони хурдсол доранд, ҳатто бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд.
“Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст ...”
Аввалан, ҳар касе, ки имконият дорад, бигзор дар бунёди мактабу кӯдакистон, таъмири роҳу кӯпрук, беҳсозии инфрасохтори маҳалли зист, ё ақаллан тармими манзилу таъмини шароити арзандаи зисту таҳсил барои фарзандонаш сарф кунад. Сониян, мо - тоҷикон хешу ақрабои зиёд дорем, хоҳу нохоҳ, дар байни онҳо ҳаст нафаре, ки мушкилоти молиявӣ дорад. Магар намешавад, ки аввал шароити як бенаворо беҳтар созем, сипас, тасмим барои хеш гирем?!
Дар ҳадисе омадааст: «Худованд ба суратҳои шумо ва дороиҳои шумо нигоҳ намекунад, лекин Худованд ба дилҳои шумо ва кирдорҳои шумо менигарад». Хонаи Худо ҷойи баҳсҳои оилавӣ, миннат кардан нест. Ҳар нафаре, ки тасмими зиёрати хонаи Худоро мегирад, бояд ҳаматарафа омода бошад. Яъне, пеш аз ҳама эҳтироми волидайнро ба ҷо орад. Ба қавли Пешвои миллат, ҳаҷҷи мо дар хонаи мост.
Дувум, боварӣ ба ҳамдигар дар вақти сафар. Аз рӯйи нақли як ҳоҷибибӣ, духтаре модарашро дар вақти сафар ҳамроҳӣ мекунад ва вақте ҳама занҳо дар меҳмонхона якҷо меистанд, назди ҳама ба модараш мегӯяд, ки “кампир, аз ҳисоби ман ҳоҷибибӣ ҳам шудӣ”. Модари бечора ҳисобот медиҳад, ки чӣ қадар маблағ ҳамроҳи худаш овардааст. Аммо духтар аз гапаш намемонад. Бигзор, ин кинояро ба унвони шӯхӣ ҳам карда бошад, аммо бо модар назди дигар занҳои бегона дар як маконе, ки бояд танҳо тавба карду ибодат, мешавад чунин сухан гуфт?! Хоҳу нохоҳ, дили ӯ меранҷад, гарчанде модар ранҷишашро нишон намедиҳад.
Мисоли дигар, марде назди дари меҳмонхонаи занҳо меояду ҳамсарашро садо мекунад ва ӯро танбеҳ медиҳад: “ту тарафи роҳбалад ва роҳбалад тарафи ту нигоҳи безеб кард!”. Зан назди занҳои калонсол меояду мегиряд: “ҳамсарам доим ба ман рашк мекунад, мегӯяд, ки ҷавобатро медиҳам”.
Ростӣ, намефаҳмам, ин мардум гурӯҳгурӯҳ куҷо мераванд? Ибодату зиёрат, ибрат омӯхтан, ислоҳи хеш, ё барои худнамоӣ ва харидории тиллою либосҳои қиммат?
Аввал, ин ки ҳеҷ як падару модар ба маблағи мо чашми тамаъ надорад. Онҳо ба ҷуз саломативу хушбахтии мо, аз мо чизе намехоҳанд. Агар имконият доред, баъзеатон, ки Худованд ризқи бештар додааст, дили онҳоро ба дард наоред ва беминнат онҳоро бубаред. Агар ба хонаи Худо ҳам набаред, эҳтиромашонро ба ҷо оред, шояд савоби ҳаҷҷи фарзиро бигиред. Хуш ба ҳоли онҳое, ки падару модарашон дар қайди ҳаёт ҳастанд ва имкони гирифтани дуои сабзи онҳоро доранд.
Қиссаи дуюм, вобаста ба рашки беасоси ҳамсар низ таконбахш аст. Аввал, ин ки зиндагии бе боварӣ зиндагӣ нест. Баъдан, бовар надошта бошед, беҳтараш ҳамсаратонро дар бари худ нигоҳ доред, баҳсҳои оилавиро на дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, балки дар хона мешавад ҳаллу фасл кард.
Вақте нияти талоқро дар назди хонаи Худо мегиред, то куҷо бовар доред, ки шумо ҳоҷӣ шудаед...
Маблағи чипта қиммат ё тантанаи маъракаи ҳоҷиталбон?
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолони ҷомеа қайд карданд: “Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад. ...Умра мераванд, мегӯянд, ман ҳоҷӣ шудам. Ҳол он, ки умра ҳаҷ нест”.
Ёдраси Роҳбари давлат барҳақ аст, ки шуҳратталабиву намоишкорӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан на ба Худо хуш меояду на ба бандаҳои Худо!
“Баъди аз ҳаҷ баргаштан тағйирот дар сару либос, карру фар дар рафтор, оростани маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбону ҳоҷибинон, ана дар ҳамин аст, тафриқаандозӣ, намоишкорӣ, худро дар ҷомеа фарқкунанда нишон додан, ки гӯё аз дигарон бартарӣ дорам, яъне шуҳратталабӣ дида мешавад...
...Худову Расулро дар дил парастидан даркор!”, - таъкид медоранд Пешвои миллат ва сухани худро бо фармудаи Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад тақвият мебахшанд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».
Агар мантиқан гирем, мо хонаи Худоро танҳо барои худамон зиёрат кардем. Вале ҳафтаю моҳҳо дастархон ороста мекунанд. Ба ҳар нафаре, ки ба дидори ҳоҷӣ меояд, ҳатман савғотӣ дода мешавад. Мо ҳамаамон хуб медонем, ки аз харҷи чипта харҷи маъракаи ҳоҷиталбон чанд баробар зиёдтар аст. Аз забҳи чорво сар карда, то ширинии пойандозҳои қиматбаҳо, гулу овезаҳо...
Агар он ҳоҷибобою ҳоҷибибиро хешу ақрабо ба хонаи худ “талбон” карда нашавад, “айбу убол мешавад”.
Беқадр шудани ҷойнамозу тасбеҳро як сӯ мегузорем. Имрӯз бозори тоҷирони ҷойнамозу тасбеҳфурӯш хеле гарм аст. Барои нафарони наздиктар, албатта, гаронтараш, барои бегонаҳо матоаш тунуки аз ин тараф он тараф медидагиашро туҳфа мекунанд.
Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид намудаанд, ки намоз бояд бо тани пок, ҷомаи пок ва дар ҷойи пок гузошта шавад. Дар ҷое магар навишта шудааст, ки ҷойнамоз ҳам мисли қолинҳои қиматбаҳо ғафсу зебо бошад?
Имрӯз аз ҳисоби ҳоҷиҳои бешумор хонаи ҳар нафар камаш панҷоҳ ҷойнамоз дар рафу ҷевонҳо гузошта шудааст. Зани ҳамсоя гуфт, ки агар ба ӯ зиёрати хонаи Худо насиб кунад, агар имкони туҳфа додан ёбад, ҳатман барои набераҳо ва фарзандонаш ба ҷойи тасбеҳу ҷойнамоз яктоӣ китоб ҳадя хоҳад кард.
Хуб медонем, ки ҳадяи ҳоҷиҳо аз ҳамин бозорҳои худамон харидорӣ мешаванд ва агар аз сидқ намозхон бошем, рӯйи як матои арзон ҳам намоз мехонем. Ба ҷойи ин, ба маблағи ҳадяҳои ҳаҷҷӣ китобу дафтар харида туҳфа кардан магар афзалтар нест?
Ғизо барои андеша ...
Тибқи омори расмӣ, танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст. Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти садҳо хонавода беҳтар мешуд.
Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд.
Ба қавли донишмандон, ду гурӯҳи одамон ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаҷ нараванд: аввал ашхосе, ки хизмати падару модарро адо мекунанд, бахусус, нафароне, ки волидайни дастнигару мунтазир, яъне маъюб, пиронсол ва нодор доранд, калонсол ҳастанд. Дуюм, ашхосе, ки хайру садақоти ҷория мекунанд, ба мисли роҳу мактабсозӣ, об кашонидан, пул бунёд кардан, яъне амале, ки самараи он ба ҷамъият мерасад ва ин аъмол ба садақаи ҷория дохил мешавад.
Адои умра ба шахс танҳо савоб меораду халос ва муъмин метавонад дар Ватани худ савоби аз он ҳам бештарро бо амалҳои некаш пайдо намояд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.