Маърифати ҳуқуқӣ - зарурати воқеӣ дар ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 322
Бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатӣ ва хосатан эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мусоҳибае доштем, бо прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири адлияи дараҷаи II Манучеҳр Зувайдуллозода, ки фишурдаи онро ба хонандагони рӯзнома пешкаш менамоем.
-Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи махсусро дорост. Чунончи, дар моддаи 5-и он омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Дар ин бора ва авлавияти қонун мехостем андешаи Шуморо фаҳмем?
- Аслан, Конститутсияи мо яке аз демократитарин конститутсияҳои дунё мебошад ва дар меҳвари он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойгузинанд.
Дар давлати демократию ҳуқуқбунёд нақши қонун ва ҳуқуқ ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ, донистани қонун, эҳтиром ва иҷрои он аз фарди одӣ то боло зарурати воқеӣ мебошад. Надонис-тани қонун ё ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазои ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ ва ҷиноятро сабук намекунад. Ин аст, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне донистану иҷро кардани қонун ва эҳтироми он барои зиндагии ҳар як фарди ҷомеаи демократӣ зарурати воқеӣ мебошад. Имрӯз воситаҳои аз худ кардани қонуну ҳуҷҷатҳои меъ-ёрии ҳуқуқӣ дар шароити муосир, ҳам тавассути ахбори омма ва ҳам ба воситаи сомонаҳои интернетӣ хеле осон гардидааст. Фақат кӯшиш бояд кард, ки аз муҳимтарин талаботи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бархӯрдор бошем. Худи ҳамин талабот тақозо мекунад, ки маърифати ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд баланд бардошта шавад, то ки қонун роҳбару раҳнамои ҳар фарди ҷомеа бошад.
- То ҷое маълум аст, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, хосатан насли наврас аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ то имрӯз ҳам ба роҳ монда шудааст. Вале ҳанӯз дар ин бобат мо пурра ба мақсад нарасидаем. Бинобар ин, баробари тарбияи ҳуқуқӣ ба тарзи васеъ ба роҳ мондани маърифати ҳуқуқӣ низ зарурати бевосита аст. Дар ин бора андешаи шуморо фаҳмем.
- Аслан, тарбия ва таълим, яъне маърифат ду қутби як раванд мебошанд. Тарбияро тарбиятдиҳандагон дар ҷомеа ба роҳ мемонанд.
Субъектҳои тарбиятдиҳанда падару модар, калонсолони оила ва ҷомеа, дар таълимгоҳҳо мураббиёну омӯзгорон, дар коргоҳу корхонаҳо роҳбарону сарварон ва дигар масъулинанд. Бесабаб нест, ки тайи чанд сол боз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ шудааст.
Ҳарчанд мо дар ин бобат ба муваффақиятҳо ноил гардида бошем ҳам, ҳанӯз кам аст. Зарур аст, ки баробари дигар намудҳои тарбия, тарбияи ҳуқуқиро низ равнақи тоза бахшем. Зеро тарбияи ҳуқуқӣ имконият фароҳам меорад, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Маърифати ҳуқуқӣ нафақат ба субъектҳои маърифаткунонии ҷомеа, ҳамчунин ба худи шахс низ дахл дорад. Ҳар як шахс бояд аз имкониятҳои худ бархӯрдор шавад, то ки сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии ӯ баланд гардад.
- Шомилшавии баъзе ҷавонони кӯтоҳандеш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, қонуншикан, таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва амсоли инҳо масъалаҳои доғи ҷомеа мебошанд, ки боиси коҳиши ахлоқу маънавиёт ва фарҳанги мо гардида истодаанд. Ба андешаи Шумо, маърифати ҳуқуқӣ оё ҷиҳати рафъи чунин мушкилот мусоидат мекунад?
- Албатта, мусоидат карда метавонад. Чунки ҳамаи ин мушкилот дар натиҷаи бемаърифатӣ, ба қадри арзишҳою суннатҳои гузаштаю имрӯзаи худ нарасидан ва воқиф набудан аз таъриху тамаддуни миллат, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллии худ, хештаншиносу худогоҳ ва ватандӯст набудан ба амал меоянд. Дар сурати огаҳии пурра ёфтан аз маърифати ҳуқуқӣ, донистани ҳуқуқу озодиҳои худ, хубро аз зишт ҷудо карда тавонистан, меҳанпарасту хештаншинос будан, омӯхтани таъриху фарҳанг ва тамаддуни арзишманди миллии худ ин мушкилиҳо бартараф хоҳанд шуд.
-Дар мавриди роҳандозӣ гардидани ҳамаи нишондодҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар кулли коргоҳу корхонаҳои ноҳиявӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия баланд мегардад. Ба ин восита ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва амсоли инҳо барин зуҳуроти номатлуб хеле коҳиш меёбад. Ин андеша то кадом андоза дуруст аст?
- Бале, шубҳае нест, ки дар давоми сол ин пешниҳоди дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида ҷиҳати нафақат баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчунин барои рушду такомули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва фарҳангу маънавиёти мардуми кишвари азизамон хеле хуб мусоидат менамояд.
Мусоҳиб Пирмуҳаммад Нуров,
узви ИЖТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...