Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми бунёди 498 иншоот дар ноҳияи Ёвон


Азми бунёди 498 иншоот дар ноҳияи Ёвон




Дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 498 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То якуми январи соли 2024-ум 136 ададаш сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ба иттилои раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, иншооти ҷашнӣ дар самти маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳсозӣ, комуналӣ ва дигар иншоотӣ хизматрасонӣ мебошанд. Аз 498 иншооти ҷашнӣ 96 ададаш дар Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”, 80 ададаш дар Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусайнов, 72 иншоот дар Ҷамоати деҳоти “Обшорон” сохта мешавад.

Дар соли 2023 таъмир, бунёд ва ба истифода додани 50 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин муддат 84 иншоот ба истифода дода шуд. Айни замон дар аксар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода