Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ БАРПО ГАРДИД


ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ БАРПО ГАРДИД




Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба табдил додани диёрамон ба кишвари сарсабз баён доштанд, имрӯз, 26 март, дар Ҷамоати деҳоти "Фахробод"-и ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки дар гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.

- Чунонки Президенти мамлакат дар Паёмашон зикр карданд, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст, - қайд намуд раиси вилоят.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани талу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода