КӮЛОБ: ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ВИЛОЯТИИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 512
Имрӯз (23.03.2024) дар Амфитеатри Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавии вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон дар даромадгоҳи Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатӣ, хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ, хони наврӯзии ҷамоатҳои шаҳру деҳот ва ташкилоту муассисаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб, ки як рукни асосии ин ҷашни ниёгон мебошад, дидан намуданд.
Баъдан раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳу муқаддаси аҷдодӣ, дастоварди нигиннамои фарҳанги миллӣ, муждаи баҳору сарсабзии табиат – Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатии бардавом, сарбаландии мудом, рӯзгори ободу хуррам ва дар фаъолияти касбӣ иқболи накуву комёбиҳои рӯзафзун таманно намуданд. Зикр доштанд, ки эҳёшавии анъанаҳои неку пурҳикмати наврӯзӣ, мақоми байналмилалии ин ҷашнвораи нуфузафзои миллатро, ки бо шарофати татбиқи босамари сиёсати башардӯстона ва тамаддунофари Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун василаи саодату пирӯзии аҳли башар, ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳои гуногун, ҳифзу қадршиносии неъматҳои табиат пазируфта шудааст, метавон дастоварди бисёр муҳимму ҳуввиятбахши даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарафманди вилояти Хатлонро ба ин ҷашни аҷдодӣ, яъне, Наврӯзи байналмиллалӣ табрику муборакбод намуда иброз доштанд: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору қаноатмандӣ медонанд, ки: Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.
Дар идома мардуми шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб ба хотири эҳтиром гузоштан ба суннатҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо рӯҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.
Сипас, дар Амфитеатри боғи мазкур барномаи театрикунонидашудаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони номвари кишвар: Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Зафар Аюбӣ, Бунафша Муқимова, Ҷумахон Сафаров, Хайринисо Ватанова ва дигар ҳунармандони вилоятиву шаҳрӣ идомадиҳандаи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Хатлон буд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00