Пиряхҳо сарчашмаи обҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 307
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2022 зимни баргузории иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда буд. Соли дуюм аст, ки дар ҷаҳон 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн мегиранд, ки ин боиси ифтихори мо - тоҷикон аст.
Ташаббусе, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд. Мувофиқи маълумоти омор, нисфи аҳолии ҷаҳон бо сабаби олуда гаштани об дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Ба андозаи афзудани аҳолӣ зуҳуроти «задухӯрд»-и давлатҳо барои ба даст овардани манбаъҳои оби тоза характери воқеӣ мегирад.
Обшавии пиряхҳо яке аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим аст. Ҳарорати миёнаи Замин тақрибан то 15 дараҷа боло рафтааст ва ин баландтарин нишондод дар 3 миллион соли охир аст. Ҳар рӯз беш аз 1 миллион тонна пирях об мешавад. Олимон хусусиятҳои пиряхҳо ва ин равандро меомӯзанд, ки боиси обшавӣ ё яхкунии онҳо мешаванд. Албатта, ин масоил миқёси ҷаҳонӣ дорад, ҳоло бошад, мебинем, ки тадқиқоти охирин оид ба Осиё чӣ мегӯянд?
Пиряхҳои Помиру Олой ва Ҳимолой чоряки вазни худро гум кардаанд ва обшавии онҳо идома дорад. Қуллаҳои баландтарини кӯҳ то ҳол зери барфу яханд, аммо аллакай дар баландии 5000 то 5500 метр растаниҳо пайдо шудаанд, ки қаблан бинобар паст будани ҳарорати ҳаво рӯидани онҳо ғайриимкон дониста мешуданд. Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2100 аз сеяк то нисфи тамоми пиряхҳои дар силсилакӯҳҳои болозикр нест мешаванд.
Пиряхҳои мазкур нуҳ дарёи бузурги Осиёро об медиҳанд ва ба ин васила 2,5 миллиард нафарро бо об таъмин мекунанд.
Нест шудани пиряхҳо боиси норасоии об дар баъзе кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар кишварҳои Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бангладеш, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кам мешавад. Гирифтани ҳосили аз ҷав, гандум, найшакар ва дигар зироатҳо аз беобӣ ё камобӣ душвор мешавад. Аз тарафи дигар, рахнашавии кӯлҳои аз оби пиряхҳо бавуҷудомада боиси обхезӣ ва зери об мондани маҳаллаҳои аҳолинишин шуда метавонанд.
Бо итмомони комил метавон иброз дошт, ки ҳамаи пиряхҳои рӯйи замин рӯ ба нестӣ оварда истодаанд.
Дар ҳамин баробар, баъзеи дигар пиряхҳо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд, ки ин ҳолат истисноист. Захираи асосии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида буда, мунтазам кам шуда истодаанд. Аз ин рӯ, олимон барои наҷоти онҳо ақидаҳои гуногунро пешниҳод менамоянд.
Сарчашмаи оби кӯлҳои Тоҷикистон пиряхҳо ба шумор рафта, калонтарин кӯлҳои Тоҷикистон - Сарез, Қарокӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл, Яшилкӯл, Булункӯл ба шумор мераванд.
Донишҳои идоракунии захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадди зарурӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар давраи зимистон қариб 60% аҳолии кишвар аз норасоии барқ танқисӣ мекашанд. Норасоии барқ дар Ҷумурии Тоҷикистон боиси мушкилоти зиёд мешавад.
Яке аз мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо сабаби таъсири тағйирёбии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо буда, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.
Тоҷикистон аз захираҳои об бой аст, аммо дар мамлакат нигоҳдории табиии захираҳои об, ба истиснои пиряхҳо, иқтидори хеле кам аст. Агар гармшавии иқлим дар ҷаҳон вусъат ёбад, пиряхҳо ихтисор гашта, ҷараёни об меафзояд ва барои истифодаи захираҳои об саъю кӯшиши бештар талаб карда мешавад.
Наим Каримов,
омӯзгор аз ноҳияи Вахш
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...