Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 309
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, Паём ҳамчун пешбаранда ва инкишофдиҳандаи ҷомеа баромад менамояд. Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моддаи мазкур сарчашма гирифта, ҷанбаҳои мухталифи дохилаву берунаи кишварро муайян месозад. Инчунин, ироаи Паёми ҳамасола дар кишвари мо яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати амалӣ ва татбиқ намудани нақшаву вазифаҳои гузошташуда барои имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама, барои ҷонноку тақвият бахшидани тамоми сохторҳои давлатӣ, инчунин мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин 28 декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Воқеан ҳам, паёми имсолаи Сарвари давлат бо-
иси фараҳмандии мардуми сарбаланди кишвар буда, бисёр рамзӣ арзёбӣ гардид.
Чунки пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад ва дар ин замина 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» ба тасвиб расид. Боиси тазаккур аст, ки таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти «Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 августи соли 1990 аз тарафи сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намудааст.
Баъдан истилоҳи «давлати ҳуқуқбунёд» дар баробари соҳибихтиёру демократӣ ва дунявӣ будан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул гардида, дар моддаи 1 пешбинӣ шуд, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ, василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду шаҳрвандӣ инъикос кардааст. Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёду ҷомеаи шаҳрвандӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳими давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст.
Сипас, аз ҳамон давра шуруъ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чунин як низоми муосир, дар асоси меъёрҳои заминавии Конститутсия аз тарафи давлату ҳукумати кишварамон бо мақсади рушду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид.
Аз ҷумла, дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид. Инчунин, дар заминаи қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ шуд, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳҳо бо кормандони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гуза-ронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, ҷиҳати баррасии вазъи риояи қонуният дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд.
Ҳамин тариқ, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузошта, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳо ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳем.
Ҷалолиддин Азизӣ,
судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...