Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Ашаглон»


«Ашаглон»



Аз замонҳои қадим тоҷикон вобаста ба табиат ва ҳаводису унсурҳои табиӣ маросим ва бовару эътиқодҳои гуногун доштанд. Яке аз чунин маросимҳо, ки ҳангоми хушксолӣ барои дархости борон созмон медоданд, “Ашаглон” ном дорад. Маросими мазкур дар манотиқи ҷумҳурӣ бо номҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст.

Масалан, дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт онро «Ашаглон» гӯянд, дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд бо номҳои «Сусхотун», «Чиллахотун», «Ялконхотун» ва «Тӯйи сусхотун» маъмул аст. 

Хусусияти маросими «Ашаглон» ин аст, ки бо қофилаи занҳо ва кӯдакон аз ҷониби соҳибхонаҳо анвои ғалладона – гандум, нахӯд, лӯбиё, мош ва амсоли инҳо ҳамчун ҳадя ва садақа дода мешавад.

Баъди ба охир расидани маросим, занҳо дар хонаи яке аз иштироккунандагон ҷамъ омада, аз ғалладона ва маҳсулоти ҷамънамудаашон хӯрокҳои далда ва оши бурида мепазанд ва ба тамоми роҳгузарон ва мардуми деҳа тақсим менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода