БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕМОРХОНАИ КЛИНИКИИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ БУРӢ ВОҲИДОВ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 429
Имрӯз, 15 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дидан кард.
Раиси вилоят нахуст аз шуъбаи бемориҳои асаб, Маркази вилоятии ҷарроҳӣ ва дигар шуъбаҳои беморхона дидан намуда, бо шароити хизматрасонии тиббӣ шиносоӣ пайдо кард.
Аксари шуъбаҳои беморхона имрӯз мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки пеш аз ҳама, таҷҳизоти муосири тиббиро дар дигар шуъбаҳо низ таъмин намоянд‚ то сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон беҳтар гардад.
Инчунин бо мудирони шуъбаҳои беморхона суҳбат ороста, дастур дода шуд, ки ба мардум хизмати босифату софдилона расонанд. Гуфта шуд‚ ки табибон пайваста ғамхори мардуманд ва мебояд дар муносибат бо беморон доимо рисолати касбии хешро адо намоянд‚ чунки аксари сокинони ноҳияҳои вилояти Хатлон ба беморхонаи мазкур барои табобат муроҷиат мекунанд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят, оид ба корҳои сабзу хуррамгардонии дохили беморхона изҳори назар карда, таъкид дошт‚ ки корҳои шинонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкан вусъат дода шавад. Таъкид шуд, ки аз кӯчактарин имконият истифода бурда, дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳиссагузор бошанд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00