МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ХОНУМ ЛИ ОК РЁН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 252
Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рёнро ба ҳузур пазируфт.
Давлаталӣ Саид меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст.
Зимни дидор раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъсиси Маркази омӯзишии технологияи нав, табодули таҷриба дар самти кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардид.
Хонум Ли Ок Рён иброз дошт, ки мақсади сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти ҳамкории фарҳангӣ бо ин кишвари зебои Осиёи Марказӣ мебошад.
Давлаталӣ Саид хонум Ли Ок Рёнро барои иштирок дар Форуми “Бохтар Фуд”, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00