ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 256
Дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи "Пешгирии ҷинояткорӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ" баргузор гардид.
Нахуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав меҳмононро хушомадед намуд.
Баъдан Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон андешаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки фарзандони мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ҳунар шудан ва зиндагии осудаву фаъолияти самараноки онҳо дар оянда аз ин омили ҳаётбахш, яъне сулҳу оромии кишвар ва суботи сиёсии ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву таҳсили наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат сафарбар кардааст.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкурро аз сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ маънидод намуд. Гуфта шуд, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интақом қарор медиҳанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.
“Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем”, -зикр намуд Назарзода Шариф Раҳмон.
Ба ҷавонон даъват ба амал овард, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи карда рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.
Дар идомаи ин ҳамоиш омӯзгорон - Казаков Рустам, Тағоева Табассум, Набизода Эмомалӣ, Афсона Амирзода суханронӣ намуданд.
Дар охир, ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аз номи Раёсати донишгоҳ барои чунин як суҳбати пурмӯҳтаво изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Комрони БАХТИЁР,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...