Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Имрӯз, 14 март, дар толори прокуратураи вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят, кормандони прокуратураи вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он, собиқадорони соҳаи прокуратура иштирок доштанд.

Нахуст, Авазҷон Назарзода, прокурори вилоят, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик намуда, доир ба таъриху фаъолияти имрӯзаи прокуратураи вилояти Хатлон сухан гуфт.


- Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба  Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намуданд. Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлол дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз  даст рафтани  давлатдорӣ ба миён омада буд. Дар ҳамон давраҳои сарнавиштсоз кормандони прокуратура бо матонату иродаи қавӣ фаъолият намуда, тавонистанд, ки то андозае волоияти қонунро дар кишвар ҳамроҳи дигар сохторҳои ҳуқуқӣ  таъмин намуда, дар дили мардум шуълаи умедро барои ояндаи нек фурӯзон созанд, - афзуд А. Назарзода.

Муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ба ҳозирин расонида, саҳми кормандони мақомоти прокуратураро дар таъмини амният, сулҳу оромӣ, риояи волоияти қонун ва пешгирии қонуншиканиҳо дар вилоят назаррас арзёбӣ намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода