Хосият Вализода: «Бо қиссаву афсонаҳои модарам бузург шудам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 259
Хосият Вализода 8-уми марти соли 1950 дар оилаи шоири машҳури тоҷик Саидалӣ Вализода ба дунё омадааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин, раиси Шурои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» мебошад.
Соҳиби 13 маҷмуаи шеърӣ аст. Як қатор шеърҳояш ба забонҳои русӣ, узбекӣ, украинӣ тарҷума шудаанд. Ҳамзамон як маҷмуааш соли 2000 бо номи «Дуруди сапеда» дар шаҳри Кобули Афғонистон бо хатти форсӣ нашр шудааст. Дар арафаи иди бонувон ва зодрӯзи ин шоираи ширинкалом бо ӯ мусоҳиба доштем, ки фишурдаи онро пешкаши Шумо менамоем.
-Хосиятбонуи азиз, биёед, суҳбатамонро аз овони ҷавонӣ шуруъ кунем. Аз аввалин лаҳзаҳое бигӯед, ки шавқу ҳаваси шумо ба шеър пайдо шуд...
-Аслан ҷавонии ман дар шаҳри бостонии Кӯлоб дар ҳалқаи пайван-дон гузаштааст. Шавқу ҳаваси ман ба шеър аз он лаҳзае пайдо шуд, ки дар хонаи мо дӯстони падарам, шоирон Боқӣ Раҳимзода, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар ҷамъ омада, маҳфили шеъру суруд меоростанд.
Ман ба ин маҳфилҳо таваҷҷуҳ намуда, дар дил орзуи шоира шуданро мепарваридам.
-Устоди Шумо дар ин пайроҳа кӣ буд ва аввалин шеъри эҷодкардаатонро дар ёд доред?
Нахустин шахсе, ки маро бо шеър шинос намуд, ин модарам Мукаррамаи Миразиз мебошанд.
Модарам бо ман суҳбатҳои ширин мекарданд. Ҳамеша мегуфтанд, ки китоб хонам, луғат омӯзам ва шеър аз худ кунам. Натиҷаи он ҳама заҳматҳо буд, ки ман низ оҳиста-оҳиста ба навиштани шеър даст задам. Аввалин шеърам дар сари гаҳвораи нахустфарзандам эҷод шуда буд, ки «Аллаи модар» ном дошт. Падарам ҳамеша дар сафару вохӯриҳо буданд. Мо кам падарамро медидем ва бо қиссаву афсонаҳои модарам бузург шудем.
-Ба андешаи Шумо, шеъри имрӯзаи тоҷик дар кадом вазъ қарор дорад?
-Дар бораи шеъру шоирӣ ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки аслан шеър, ба гумони ман, меросист.
Дигар ин ки шеър олами ҳиссиёти шоир аст. Шоир чигунае ҷаҳонбинӣ дошта бошад, зиндагиро аз неку бад таҷриба карда тавонад, шеъраш ҳам ҳамон гуна мешавад.
Шеъри имрӯзаи тоҷик инсонҳоро ба некиву накукорӣ тарбият мекунад. Рисолати инсониро дар зиндагӣ муайян мекунад. Шеъри имрӯза хаёли хонандаро ба дӯст доштани зебоиҳои Ватан мебарад. Шеъри имрӯзаи тоҷик дигар он шеъри майдону варзишгоҳҳо нест, балки он як шеъри роз, муҳаббат, садоқат ба Ватан аст. Он рисолати худро хуб иҷро намуда истодааст.
-Аз падар чӣ хотирот доред?
-Аз падар, аслан хотироти хубу бисёр дорам. Он кас зиёд халқу ватанашонро дӯст медоштанд. Аз ҳама хотироти ҷолиб аз зиндагии падар ин аст: вақте ки падарам бо модарам издивоҷ мекунанд, аслан, лаҳҷаи якдигарро он қадар хуб намефаҳмидаанд. Зеро модарам аз Хуҷанд буданд. Он замонҳо аз гуфтугӯи падару модарам як латифаи хуб эҷод шуд, ки баъдан машҳур гашт.
Вақте ки падарам кӯча баромаданӣ мешавад ва аз модарам хоҳиш мекунад, ки телпакашро биёранд.
Модарам шояд даст ба коре будааст, мегӯяд: телпакатон механда (яъне дар мех овезон аст). Падарам ҳайрон мешавад ва мегӯяд, аҷиб, охир телпаки ман ҳеҷ гоҳ намехандид.
Нақли ин латифаро устодони зиндаёд Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзодаву Лоиқ дӯст медоштанд.
-Вақте падаратон фаҳмид, ки шеър менависед, чӣ гуфт?
-Албатта, барои ҳар як па-дар ифтихор аст, ки фарзандаш давомдиҳандаи касбаш мешавад.
Вақте ки ман шеърҳоямро ба падарам нишон додам, бисёр хурсанд шуданд ва аз ин ифтихор ҳам карданд. «Духтарам, шеъри навиштаат мазмунан хуб баромадааст, аммо барои дар оянда давом додани фаъолияти шоирӣ пайваста ашъори шоирони гузаштаву имрӯзаро мутолиа намо ва асарҳои зиёди насриро аз худ кун»,- гуфта маслиҳат доданд.
-Назари Шумо оид ба номинатсияи шоирии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» чӣ гуна аст?
-Имрӯз шоирони ҷавон, албатта, зиёданд, шеърҳои хуб менависанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи шеъри тоҷик, шоирони оянда ва барои китобдӯсту китобхон намудани насли наврас ин озмунро роҳандозӣ карданд. Ҷавонон бояд донанд, ки китоб хондан ин нест, ки ту ҳамаи китобҳои дунёро мутолиа кунӣ. Балки фаҳмӣ, ки ту чӣ мехонӣ? Оё китоби хондаат назари туро, ҷаҳонбинии туро дигар карда метавонад? Ин аст, мақсади китоб хондан. Сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонистан муҳимтарин аҳамияти китобхонӣ аст.
-Ояндаи шеъри тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Шеър воқеан, чашмаи ҷонфазоест, ки рӯдҳои ташнаро шодоб мегардонад. Ҳазордостонест, ки дар навдаҳои сухан болу пар зада, жарфҳои гетиро аз назокату латофат пур месозад. Ояндаи шеъри тоҷик аз малакаву донишу шууру афкори ҷавонони қаламкаш вобастагӣ дорад, ки бузурге фармудааст:
Эй шеър, эй таҷаллии дарди даруни ман,
Эй ояи тараннуми фасли ҷунуни ман.
Эй сояи садои суруди баланди ман,
Гулбонги захмаҳои тари арғунуни ман!
Дар интиҳои суҳбат тамоми модарону бонувони сарфарозу хушбахти кишварро бо иди Модар- 8-уми март муборакбод намуда, ин сатрҳоямро барояшон тақдим медорам:
Аз латофат чун ҷаҳоноро манам,
Беҳтарини зиннати дунё манам.
Кӯрдил танҳо намебинад маро,
Зинати дунёи беҳамто манам.
Суҳбаторо А. Абдулмаҷид,
«Хатлон»
P.S. Аҳли эҷоди «Хатлон» бонуи хушсухан Хосият Вализодаро ба Рӯзи модар ва Рӯзи мавлудашон, ки ба 8 март рост меояд, табрик гуфта, барояшон некуҳолию сиҳатӣ ва хушрӯзию илҳоми эҷодиро орзу менамоянд.
Рӯзи модар ва рӯзи мавлудатон муборак бошад, Хосиятбону!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...