Истиқлол ба зан ҳувият бахшид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 157
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 яке аз беҳтарин иқдомҳои навбатии Ҳукумати кишвар мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ кафили саодати ҷомеа маҳсуб мешавад. Зеро маърифати ҳуқуқӣ ин донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулиятҳо ва равиши кору зиндагии худ аст.
Мегӯянд, аз Хоҷа Насири Тӯсӣ суол кардаанд, ки чӣ кор кунем, то ҷамъият ба пеш равад? Чунин посух додааст: “Ҳар кас кори худро анҷом диҳад”. Ва ҳамин кори худро дар доираи ҳамаи масъулияту салоҳиятҳо анҷом додан аз он оғоз мегардад, ки мо то куҷо аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдорем. То куҷо маърифати ҳуқуқӣ дорем. Ва аслан огоҳ ҳастем, ки чун як инсон ва як корманд риояи чӣ ҳуқуқҳое бар зиммаи мост. Ҳамин аст маърифати ҳуқуқӣ.
Агар як омӯзгор аз ҳуқуқҳои моддиву маънавии омӯзгории худ огоҳ аст, ӯ беҳтарин тарбиятгар, роҳнамо ва ҳодии наслҳо хоҳад шуд; агар як табиб аз маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор аст, мизоҷи худро на чун як одами одиву тасодуфӣ ва дарди ӯро на як дарди ом, балки як шахсият, як узви комилҳуқуқи ҷомеа, ки ниёз ба саломатӣ дорад, хоҳад шинохт.
Ва агар як ҳомии қонун аз маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор аст, дар кори ӯ аз беадолатӣ нишоне нахоҳад буд; агар як донишҷӯ аз ҳуқуқҳои хеш бархӯрдор аст, ҳеҷ гоҳ барои баҳо гирифтан таҳсил нахоҳад кард, зеро миллату давлат аз ӯ на баҳо, балки касбиятро интизор хоҳад буд. Замоне мо аз ҳуқуқҳои хеш бархӯрдор мешавем, зиндагиамон ранги дигар хоҳад гирифт.
Агар дар доираи ҳамин «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳуқуқи танҳо як қишри ҷомеа - занону духтаронро ба инобат гирему ба риштаи таҳлил кашем, худ ҳувайдост, ки то имрӯз ба чӣ дастовардҳое ноил гардидаем.
Зеро агар ба таърихи чанде қабл нигарем ва вазъи дирӯзи зан-модари тоҷикро бо имрӯз муқоиса намоем, дармеёбем, ки риоя ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқҳои якдигар ва аҳли ҷомеа бо дарки маърифати ҳуқуқӣ чӣ заминаи саодатофарест. Чун он мақом ва манзалате, ки зани тоҷик имрӯз ба даст овардааст, қаблан онро молик набуд. Дар гузашта ба зан ва ҳуқуқҳои ӯ дар баробари мардон эҳтиром гузошта намешуд.
Занҳо асирони аҳкоми иддае хурофотиҳо гардида буданд. Ба ҳамин мазмун шоири зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ ҳам гуфта буданд:
Дар қиёси гӯри мардон пештар,
Гӯри занро жарфтар мекофтанд.
Гӯӣ ӯ дорад гуноҳони азим,
Аз шариат ҳилаҳо мебофтанд.
Воқеан, занҳо дар гирдоби беҳуқуқиву тангназариҳо дармонда буданд. Аммо истиқлолият ба зан ҳувият бахшид, саодат бахшид, рисолаташро барояш чун узви комилҳуқуқи ҷомеа вогузор кард, то дар қиболи зиндагии худу атрофиён ӯ низ масъул бошад.
Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳанӯз аз нахустин марҳилаҳои давлатдорӣ дарк намуда буданд, ки ба занҳо бояд мақом бахшид, ҳуқуқашонро ҳифз бояд намуд, то сарбаландона рисолати худро назди ҷомеаву хонавода адо карда тавонанд. Ва имрӯз зан омӯзгори макотиби миёнаву олии касбӣ аст, зан ҳуқуқшинос аст, зан табиб аст, зан сиёсатмадор аст, ҳомии қонун аст ва дар баробари ҳамаи ин модару тарбиятгари фарзандон аст.
Маҳз таваҷҷуҳ ба таъмини волоияти қонун ва ба эътибор гирифтани ҳуқуқҳои занону духтарон буд, ки аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ барои таҳсили ин қишри ҷомеа тадбирҳои махсус андешида шуду квотаи президентӣ баҳри донишҷӯдухтарони минтақаҳои дурдасти кишвар ташкил карда шуд. Натиҷаи ҳамин иқдом аст, ки имрӯз мо дар тамоми донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар донишҷӯдухтарони ҳамаи минтақаҳои мамлакатамонро вомехӯрем, ки бо дониши хубу сари баланд таҳсил карда истодаанд ва қисми зиёди онҳо аллакай дар хизмати ҷомеаву миллат камар бастаанд.
Маърифати ҳуқуқӣ ба Истиқлоли кишвар пайванди ногусастанӣ дорад. Чунки он худ самараи Истиқлол аст. Махсусан барои мо - занону бонувон, ки соҳибҳуқуқии хешро маҳз дар партави соҳибистиқлолӣ дарёфтаем.
Дарвоқеъ, Истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ эҳдо карда, аз ӯ талаб намуд, то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвар ворид гардад, хушбахтии хеш ва фарзандашро бо дасти худ бисозад, эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад. Роҳбарияти кишвар барои баланд бардоштани мақому мартабаи занон дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои онҳо талош намуд ва бо мақсади таъмини иштироки ҳарчӣ бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва идоракунии давлат, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, як силсила санадҳои сиёсию ҳуқуқиро қабул намуд.
Истиқлолият имкон фароҳам овард, то занон дар риштаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ тавассути таълиму тарбия ба сифати занҷири пайвасткунанда, ҳамчун интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ ба насли оянда, дар пойдор нигоҳ доштани муқаддасоти миллӣ нақши муҳим гузоранд.
Ба андешаи мо, иҷрои ин рисолат, яъне аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва маърифати ҳуқуқӣ махсусан дар замони муосир, дар марҳилае, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд идома дорад, аҳамияти хосаро дар зиндагӣ касб мекунад.
Бо шарофати ҳамин Истиқлол ва ҳамин дифои ҳуқуқҳо аст, ки мо имрӯз чун мураббӣ дар кӯдакистон кору фаъолият менамоему дар баробари дигар ниҳодҳову хизматчиёни давлатӣ бо тарбияи хубу солими насли хурдсоли кишвар, ки ояндаи бузурге онҳоро дар пеш аст, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳм мегузорем.
Гулнора ДАВЛАТОВА,
мураббии кӯдакистони №6-и
шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...