Тарбиягари насли наврас
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 296
Занони хирадманду нексиришт ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд, ки Умеда Шокирова яке аз онҳост.
Муовини ректори Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон оид ба корҳои муолиҷавӣ Умеда Шокирова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, дар баробари ин, соли 2013 Маркази таълимии бонувон «Сарвар»-ро низ хатм намудааст. Сипас, солҳои 2011-2021 - мутахассиси маркази захираҳои исботшудаи тиббӣ, соли 2012 - оморшиноси маркази ягонаи тестӣ, солҳои 2013-2015 - ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, солҳои 2015-2016 - магистранти мубодилавӣ дар Донишгоҳи Падоваи Италия, солҳои 2017-2020 аспиранти кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишгоҳии давлатии миллии тадқиқотии Белгород, соли 2022 духтури акушер-гинекологи клиникаи шаҳри Санкт- Петербург кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2023 то инҷониб муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба корҳои муолиҷавӣ мебошад.
Фаъолияти илмии муаллима ҳамчун аспирант дар Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгород дар мавзуи «Индивидуальное прогнозирование развития аномалий родовой деятельности» ба анҷом расида, соли 2021 рисолаи илмии хешро бо сари баланд ҳимоя менамояд.
Зимни суҳбат ин бонуи донишманд аз таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, чунин гуфт: «Сарвари давлат ҳамасола дар Паёмашон таъкид менамоянд, ки нақши зан - модар дар рушди ҷомеаи башарӣ ниҳоят арзишманд аст, чунки имрӯз бонуи тоҷик на танҳо сарвари кордону муҳаққиқи донишманд, балки тарбиятгари меҳрубон аст».
Аз дониш ва баракати меҳнати чунин занҳои хайрхоҳу бедордил ҷомеаи мо равшану қалбҳоямон нуронист. Мегӯянд, ки зани оқила аз муваффақияти худ фахр намекунад. Умед аст, Умеда Шокирова боз ҳазорҳо ҷавони ояндаро дар роҳи некию накукорӣ тарбия ва роҳнамоӣ хоҳад кард.
А. Абдулмаҷид,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...