Аслу ҷавҳари Рӯзи модар муҳаббату самимият аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 228
Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад. Вале барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.
Дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат бо як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ таҷлил намудани Рӯзи модар басо рамзиву сутуданист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад.
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.
Зан-модари тоҷик аз зумраи занони хушбахт ва саодатманди ҷаҳон аст, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бонувону занон беҳтарин шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар моддаи 17-и қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Дар асоси ин меъёр таъсису ба фаъолият оғоз намудани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», таъсиси квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавондухтарони болаёқати шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва чанд асноди дигар таҳияву қабул ва дар мамлакат мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа давоми солҳои охир чораву барномаҳои муҳиме роҳандозӣ гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониашон нисбат ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон низ дар баробари мардон ба фаъолияти пурсамар машғуланд.
Бояд ёдовар гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат оид ба нақшу манзалати зан-модар, олиҳаи меҳру муҳаббат беҳтарин суханҳо гуфта шуд. Занони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар пешрафти ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯкорӣ фарҳанги ҷомеаро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон нигоҳ доштаанд. Аз таъкидҳои Пешвои миллат аён гардид, ки «соли 1989 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор занони маълумоти олидор буданд. Ҳоло 256 ҳазор бонувони тоҷик дорои маълумоти олӣ ҳастанд». Аз ин маълумотҳо бармеояд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи занону бонувони маълумоти олидор афзудааст. Занони тоҷик бо донишу малакаи баланди худ таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намуда, барои пешрафт ва рушду равнақ ёфтани кишвари хеш, пояндаву устувор нигоҳ доштани оила саҳми арзанда гузоштаанд.
Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим, хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд. Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он, пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гардидаанд, ки зан-модар ҳамчун тарбиятгару маърифатпарвар ва пешоҳанги корҳои ободониву созандагӣ пешрафт кунад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст.
Дар шаҳри Норак, ки яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвари маҳбубамон ба ҳисоб меравад, занону бонувон баҳри татбиқи сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо фаъолият карда истодаанд.
Аз ҷумла, аз шумораи умумии занҳои дар шаҳр фаъолиятдошта, ки 3196 нафарро ташкил медиҳад, 41 нафар хизматчиёни давлатӣ, 165 нафар кормандони неругоҳи барқи обии Норак, 54 нафар кормандони неругоҳи «Бойғозӣ», 507 нафар баҳри нигоҳдории солимии ҷомеа, 235 нафар дар соҳаи фарҳанг, 750 нафар баҳри таълиму тарбияи фарзандон, 24 нафар дар соҳаи бонкдорӣ, 74 нафар дар корхонаҳои саноатӣ саҳмгузорӣ карда истодаанд. Ҳамзамон, аз шумораи умумии 40 нафар вакилони халқи шаҳр 13 нафар ва аз шумораи 65 нафар вакилони ҷамоатҳои деҳоти Дӯконию Пули Сангин 11 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Дар шаҳри Норак 18 нафар, аз ҷумла Муҳаррами Сорбонзод, Солиева Олия Тешаевна, Абдуллоева Салима Саидовна, Назарова Гулизор Талиевна, Шарипова Светлана Суҳробовна, Сафарова Сабзагул, Расулова Сайлигул ва дигарҳоро ҳамчун занҳои собиқадор метавон номбар намуд, ки солҳои тӯлонии умри хешро баҳри рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бахшидаанд. Норакиён бо онҳо имрӯз ифтихор мекунанд ва дар пешбурди корҳо аз машварату роҳнамоии беғаразонаи ин собиқадорон баҳравар мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар партави сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонад.
Имрӯз барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои занону модарон ва духтарони мо нақши ҳалкунанда дорад.
Ғамхорӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби мақомот минбаъд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад, вале зарур аст, ки рӯҳияи эҳтиром ба занон ва арҷгузории заҳмати модарон дар ҳар оила ва дар тамоми ҷомеа бояд боз ҳам бештар густариш ёбад. Зеро муносибати самимона нисбат ба занону духтарон рисолати орому осуда ва солим нигоҳ доштани оиларо таҳким мебахшад ва устувории оила, дар навбати худ, суботи ҷомеаро таъмин намуда, қудратмандии давлатро тақвият мебахшад.
Мо умед дорем, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати муҳими иҷтимоии худро чун ҳарвақта амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Фирӯза Шарифӣ,
и.в. раиси шаҳри Норак
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...