Дили тавонои модар ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 260
Хушоянд аст, ки Рӯзи модар аз фаро расидани фасли баҳор ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо эҳсоси гарм истиқбол гирифта, бузургии зан-модарро ситоиш мекунем ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меорем.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад.
Дар сатҳи давлатӣ ва бо шукуҳи хосса ҷашн гириф
тани Рӯзи модар нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба занон мебошад, зеро нақши занону бонувон ҳамчун неруи бузургу созанда дар ободии хонадон, тарбияи фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди ифтихори баланди ватандорӣ беназир аст.
Интишори фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа», қабул ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, Стратегия ва консепсияҳои миллӣ, ки нақши занонро дар мақоми роҳбарӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила қавӣ мегардонад, далели возеҳ ба ин аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону бонувон арҷ гузошта, таъкид менамоянд: «Мо занону бонувонро ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.
Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хизматҳои арзандаи занону бонувон пешниҳод намуданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мутобиқи талаботи ҷомеаи демократӣ амалӣ мегардонад.
Бегуфтугӯ, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, он ҷомеа босуръат пеш хоҳад рафт ва дар он шумораи зиёди фарзандони босавод тарбия хоҳанд ёфт.
Дар ин баробар саҳми занон дар рушди илми муосир назаррас буда, онҳо бо сайқал додани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа нақши муассир доранд. Аз шумораи 187 нафар занони олима 4 нафар доктори илм, профессор, 126 нафар номзади илм ва 58 нафар дотсент мебошанд, ки боиси шарафмандӣ аст.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихор аст.
Хушбахтона, модарони мо бо эҳсоси баланд дарк менамоянд, ки рисолати онҳо ин, пеш аз ҳама, тарбияи фарзандони босаводу донишманд аст, ки анҷоми ин рисолати олӣ на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балки дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Манзури мо татбиқи ҳадафмандонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аст, ки таъмини иҷрои бевоситаи он аз модарон масъулияти азиму доимиро тақозо менамояд. Зеро нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва маҷмуан, дар камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Боиси қаноатмандии мост, ки чанд соли охир баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, майдони фарохи баланд гардидани савияи дониши ҷавонону наврасон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа гардидааст. Хушоянд аст, ки ҷиҳати омодасозии довталабони озмун меҳнату заҳмати омӯзгорон ва падару модарон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии озмун бо мукофотҳои пулӣ ва унвонҳои ифтихорӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Ин воқеият аст, ки фарзанди босавод ифтихори волидайн аст ва месазад падару модар барои ба даст овардани ин арзиши бебаҳо бо маърифати баланд дар таълиму тарбияи фарзанд муносибати ҷиддӣ дошта бошад.
Мехоҳам махсус қайд намоям, ки яке аз омилҳои рӯзгори бонизом ва некуаҳволии хонадон масрафи оқилонаи буҷети оила мебошад, ки дар он нақши занон барҷаста аст. Аз ин рӯ, бояд занону модарон бо назардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии қонунҳои миллӣ, бахусус қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳадафашон беҳбудии зиндагии мардум ва рушди устувори амнияти кишвар аст, саҳми бештар бошта бошанд.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша дар меҳвари фаъолияти сиёсати давлатӣ қарор дорад, ҳифзи саломатии модару кӯдак мебошад. Зани солим тавлидгари насли солим аст ва солимии ҷомеа боигарии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, сол то сол шароити хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят беҳтар гардида, дар маркази вилоят Маркази перинаталӣ ва дар шаҳру ноҳияҳо биноҳои нави хизматрасонӣ барои солим ба дунё овардани атфоли навзод мавриди истифода қарор доранд.
Дар иртибот ба ин, занону бонувон низ бояд фарзандони худро бо назардошти таҳдиди хатарҳои бемориҳои сироятӣ ба риояи тозагиву солимӣ ва тандурустӣ ҳамеша талқин намоянд.
Оила дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рукни муқаддас эътироф гардида, заҳматҳои беназири зан-модар дар ташкил ва пойдории оила, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ба хотири устувории давлат эҳсос мешавад.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа, пеш аз ҳама, дар муносибати ғамхорона нисбат ба зан-модар зоҳир мегардад. Вобаста ба ин, занону модарони мо бо дарки ин таҳдиду хатарҳои чаҳонӣ вазифадоранд, ки ба фарзандони худ, пеш аз ҳама, фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро, ки яке аз омилҳои ба миён омадани ин зуҳуроти хатарзо мегардад, дуруст омӯзонида, аз сатҳи андӯхтани илму дониш ва забономӯзии онҳо ғофил набошанд. Зеро дар назди модар масъулияти аз ҳама бузург тарбияи фарзанд ва инсони комил меистад.
Маҳз ҳамин омил аст, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Дар ин замина ҳар хизмате, ки мо барои Ватан мекунем, хизмат ба модар аст ва ҳар хиёнате, ки нисбат ба Ватан сар мезанад, хиёнат нисбат ба модар мебошад. Зеро модар рамзи Ватан аст!
Зимнан қайд карда мешавад, ки дар 5 соли охир 105 лоиҳаи пешниҳоднамудаи занон дар самти соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси гармхонаҳо барои парвариши лиму ва сабзавоткорӣ, ташкили коргоҳҳои адрасбофӣ, чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи 1 250 000 сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дастгирӣ ёфта, ин ташаббусу дастгириҳо минбаъд низ идома дода мешаванд.
Ба андешаи Пешвои маҳбуби миллат: «Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад».
Дар пайравӣ бо андешаҳои баланди Роҳбари давлат, тамоми занону модарони Хатлонзаминро ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, барояшон саодати рӯзгор, зиндагии бобарор ва дар амалӣ намудани ҳадафу ниятҳои неку шоистаашон комёбиҳои беназир орзумандам.
Анзурат Абдуса ломзода,
муовини раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...