Зан-модар дар саргаҳи ҳама хушбахтиҳои фарзанд меистад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 182
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ифтихори Рӯзи модар
Модарон ва хоҳарони гиромӣ!
Модар шахси муқаддас, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мардуми тоҷик ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона эҳтиром мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш мекунанд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Ҷашни фархундаи Рӯзи модар бо фарорасии фасли баҳор рост омад ва мо ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, кулли модарон ва занону бонувони вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, ба Шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Бояд зикр намуд, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукуҳ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Инчунин, бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, занонро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ситоиш кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат тадбил додааст.
Дар Паёми навбатии худ, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
Мо аз таърих медонем, ки бонувони тоҷик дар роҳи таъмини озодию оромӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои давлатдорӣ ҳамчун Гурдофарид муборизаи шадид бурда, саҳми муносиби худро дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумат гузоштаанд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тавсеа бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро саривақт баррасӣ намуда, оид ба ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.
Боиси тазаккур аст, ки 49,9 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин гардидааст. 6 нафар зан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 343 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 бонуи фаъол вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Аз шумораи 188 ҳазору 603 нафар занҳои коргар, 13 ҳазору 887 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
Аз 3111 воҳиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда дар 547 воҳиди корӣ занон кор мекунанд, ки аз ин шумора 199 нафар занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ айни замон фаъолияти босамар доранд. Зиёда аз 60%-и кормандони соҳаи маориф ва беш аз 74%-и кормандони соҳаи тандурустии вилоят бонувони масъулиятшиносу меҳнатқаринанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз нақши намоёни занони соҳибкор дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ёдовар гардиданд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар вилоят имрӯз шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда 23540 нафар буда, аз инҳо 835 нафар роҳбари шахсони ҳуқуқӣ ва 11446 нафар ҳамчун роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд.
Ҷойи ифтихор аст, ки зан-модар дар саргаҳи ҳама хушбахтиҳои фарзанд истода, роҳнамо ва ҳидоятгари ӯ дар роҳи садоқат ба Ватан ва миллати худ мебошад. Мактаби тарбияи модар заминаи боэътимод баҳри ба камол расонидани фарзандони содиқ ба шумор меравад.
Мутмаинам, ки занону модарон минбаъд низ дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, устувор гардонидани ҳисси ватанпарастии онҳо, пойдории забон ва фарҳанги миллӣ, устувории оила, танзими расму оин, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ ва пешгирӣ аз омилҳои бегонапарастӣ, эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои миллию мардумӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳми намоён мегузоранд.
Мо ҳама бояд эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст.
Ба иродаи қавӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандии занону бонувони арҷманд итминони комил дорам. Дар пеш бузургтарин ҷашнҳо, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки шуруъ аз имрӯз барои тозагии маҳалли зист камари ҳиммат мебандем ва дар дастаҷамъӣ Ватанро ободу шукуфон хоҳем кард.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар модарону хоҳарони азизро ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ ва фарорасии иди бузурги суннатӣ - Наврӯзи байналмилалӣ, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосоямонро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00