Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОН “МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН”


КӮЛОБ. ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ТАҲТИ УНВОН “МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН”




Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» 5 марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид. 

Дар Форум Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок доштанд.

Нахуст, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияҳо, мамнуъгоҳҳои тиббӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоят буда, намоиш маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра ташкил карда шуд.

Форум ва Намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, куҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ қисмати дигари форум оғоз гардида, нахуст Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, меҳмононро хушомадед гуфта таъкид намуданд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот дар кишвар ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби сайёҳон шароити мувофиқ таъмин гардида, ташрифи сайёҳон сол то сол бештар мешавад. 

Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.

Айни ҳол дар қаламрави вилоят 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалиро ташкил медиҳанд. 

Боиси ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”-и ноҳияи Дӯстӣ ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.  

Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли ҷорӣ, дар умум, 33327 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Ҳамзамон дар форум Имаи Сейдю - роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон, Родора Консепсион – муовини намояндаи доими Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов-роҳбари бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ва дигар меҳмонону иштирокчиён суханронӣ намуда, доир ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки форум кори худро нимаи дуюми рӯз тибқи барнома дар се бахш идома медиҳад: 
1. ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, рушди деҳот ба мақсади сайёҳӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок;  
2. сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва фарҳангию таърихӣ; 
3. сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ, рекреатсионӣ.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода