Сиёсишавии дин омили пайдошавии гурӯҳҳои ифротӣ гардидааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 255
Дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилоятӣ дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Шуҳрат Азиззода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулмаҳмадзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, ректори Донишкадаи исломӣ Зокирзода, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муовинони идеологии раисони шаҳру навоҳии вилоят, мудирони маориф, масъулони шуъбаю бахшҳои кор бо ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон, занон ва оила, намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир хавфу хатарҳо зиёд гардидааст. Ҷавонону наврасон тавассути интернету шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардида, ин боиси зиёд шудани ақидаҳои ифротӣ ва гаравидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мегарданд. Ин зуҳуроти номатлуб бо сабаби надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш ва маърифати ҳуқуқӣ сар мезананд.
Зикр гардид, ки зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст ва он ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст. Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон зикр намуд, ки хавфи репутатсионӣ яке аз хатарҳои замони имрӯза мебошад.
«хавфи репутатсионӣ», яъне аз даст додани боварӣ, эҳтиром ё ин ки нуфузи намояндагони як миллат дар назди ниҳодҳои хориҷӣ, мисли ташкилоти байналмилалӣ, маблағгузорон ва воситаҳои ахбори омма мебошад.
Иштирок намудани шаҳрвандони ин ё он мамлакат дар ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ба паст задани мақому мартаба ва имиҷи миллату давлатҳо бурда мерасонад.
Қайд гардид, ки барои дур намудани ақидаҳои ифротӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ фаъолон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан се ниҳод: мактаб, оила ва ҷомеа бояд дар ҳамбастагии зич кор баранд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00